Сервер (таҷҳизот)
Зоҳир
Сервер (англ. server аз to serve — хидмат расонидан) — таҷҳизотест (компутарест), ки барои иҷрои барномаҳои махсуси хизматӣ (аз он ҷумла сервер (барнома)), новобаста аз иштироки одам, ҷудо шудааст. Ба ғайр аз сервер (таҷҳизот) боз сервер (барнома) мавҷуд аст. Қисми таркибии сервер метавонад аз компутарҳои фарди фарқ накунад ва ё ҳатто иқтидори ҳисоббарории хурдтар дошта бошад. Одатан иқтидори ҳисоббарории сервер (таҷҳизот) аз компутарҳои фарди хеле калонтар аст, ки ин аз вазифаҳое иҷрошаванда вобаста аст.