Сергей Бирюзов
Сергей Бирюзов | |
---|---|
русӣ: Сергѐй Семёнович Бирюзо̀в | |
Зодрӯз | 21 август 1904[1] |
Таърихи даргузашт | 19 октябр 1964[1][2] (60 сол) |
Мансубият | |
Солҳои хидмат | Артиши Сурх ва Soviet Strategic Rocket Forces[d] |
Қисм | Marshal of the Soviet Union[d] |
Равобит | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Бирюзо́в Серге́й Семёнович (8 (21) август 1904 — 19 октябри 1964) — ходими ҳарбии шӯравӣ, Маршали Иттиҳоди Шӯравӣ (1955), Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ (1958), Қаҳрамони Халқии Югославия (1964). Аз соли 1922 дар хидмати ҳарбӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи Мактаби муттаҳидаи ҳарбии ба номи ВСИК (1926), Академияи ҳарбии ба номи М. В. Фрунзе (1937). Аз соли 1934 сардори ситоди дивизияи тирандоз, сардори шуъбаи ситоди Округи ҳарбии Харков, аз авг. 1939 фармондеҳи дивизияи тирандоз, ки бо он дар ҶБВ (1939-45) дохил шуд. Аз ноябри 1942 сардори ситоди Артиши гвардиягии 2-юм, аз апр. 1943 сардори ситоди Ҷабҳаи Ҷанубӣ (4-уми Украина), аз майи 1944 сардори ситоди Ҷабҳаи 3-юми Украина. Дар ташкил ва баргузории амалиёти озодкунии Донбасс, Таврияи Шимолӣ, Қрим, Руминия ва Булғория ширкат кардааст. Аз окт. 1944 фармондеҳи Артиши 37-ум ва сармушовири ҳарбӣ дар назди артиши Булғория. Баъди ҷанг ҷонишини сарфармондеҳи гурӯҳи лашкарҳои Ҷануб, раиси Комиссияи тафтишотии иттифоқӣ дар Булғория ва фармондеҳи Артиши механиконидаи 10-ум, аз соли 1947 фармондеҳи қувваҳои ҳарбии Округи ҳарбии Примория, аз соли 1953 сарфармондеҳи гурӯҳи лашкарҳои Марказӣ, аз соли 1954 ҷонишини 1-уми сарфармондеҳ ва аз соли 1955 сарфармондеҳи Артиши муҳофизат аз ҳуҷуми ҳавоӣ (МҲҲ) — ҷонишини вазири мудофиаи ИҶШС. Солҳои 1962-63 сарфармондеҳи Артиши ракетавии таъйиноти стратегӣ (АРТС) — ҷонишини вазири мудофиаи ИҶШС. Дар барқарорсозӣ ва рушди артиши МҲҲ-и мамлакат ва АРТС, такмили мусаллаҳкунӣ ва ташкили сохтори онҳо саҳм гузошт. Аз соли 1963 сардори Ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳи ИҶШС — ҷонишини 1-уми вазири мудофиаи ИҶШС. Муаллифи ёддоштҳо ва яке аз муаллифон ва муҳаррирони асари «Қувваҳои мусаллаҳи шӯравӣ дар мубориза барои озод кардани халқҳои Югославия» (1960). Депутати Шӯрои Олии ИҶШС (даъватҳои 2, 4, 6). Бо 5 ордени Ленин, 3 ордени Байрақи Сурх, орденҳои Суворов (дараҷаи 1 ва 2), Кутузов (дараҷаи 1), Богдан Хмелнитский (дараҷаи 1), 6 ордени хориҷӣ ва медалҳо сарфароз гардидааст. Дар садамаи ҳавоии назди Белград (Югославия) ҳалок гаштааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Когда гремили пушки. М., 1962;
- Советский солдат на Балканах. М., 1963;
- Суровые годы, 1941—1945. М., 1966.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 TracesOfWar
- ↑ Munzinger Personen (нем.)
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Чернышев М. Т., Чермашенцев К. Я., Жизнь — Родине. М., 1974;
- Полководцы и военачальники Великой отечественной. М., 1985;
- Новая российская энциклопедия. Т. III (1). М., 2007.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бирюзов Сергей Семёнович // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Сергей Семёнович Бирюзов на сайте Министерства обороны Российской Федерации
- Сергей Бирюзов. Сайти «Герои Страны».
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 21 август
- Зодагони соли 1904
- Даргузаштагони 19 октябр
- Даргузаштагони соли 1964
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ
- Дорандагони ордени Ленин
- Сарфарозшудагон бо медали «Барои ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941—1945»
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо