Jump to content

Серкан Кескин

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Серкан Кескин
тур. Serkan Keskin
Таърихи таваллуд: 25 ноябр 1977(1977-11-25) (46 сол)
Зодгоҳ: Измит, Туркия
Шаҳрвандӣ:  Туркия
Касб: ҳунарпеша
Корнома: 2004-то ҳол
Самт: театр
телевизион
синамо
IMDb: ID 1763577
 Парвандаҳо дар Викианбор

Серкан Кескин (тур. Serkan Keskin); тав. 25 ноябри 1977, Измит, Туркия) — ҳунарпешаи театр, синамо ва телевизиони турк.

Зиндагинома ва фаъолият

[вироиш | вироиши манбаъ]

Серкан Кескин 25 ноябри соли 1977 дар шаҳри Измити Туркия таваллуд шудааст.

Серкан Кескин рассом, навозанда, коргардон ва актёр мебошад. Фаъолияти ҳунарии худро дар шаҳри Измит, шаҳре, ки ӯ таваллуд ва бузург шудааст, оғоз кардааст. Соли 1997 ӯ ба курсҳои театрии назди театри шаҳри Измит, ки таҳти роҳбарии умумии бадеии коргардони машҳури театр Ишил Касапоглу таъсис ёфтааст, оғоз намуд. Устодони Серкан Кескин ҳунармандони театр буданд, ба мисли Бариш Фалай, Зуҳал Генсер, Мелиҳ Дузенлӣ. Ба ғайр аз корҳои курсӣ аз соли 1998 то 2001, ӯ ҳамчун актёр дар намоишҳои гуногуни театри шаҳри Измит баромад кардааст. Пас аз чанд вақт, Серкан Кескин барои такмили маълумоти театрии худ ба Истанбул кӯчид.

Ҳаёти шахсӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Серкан Кескин бо ҳунарпешаи турк Мерич Арал робита дорад. Ҷуфт дар саҳнаи филми мазҳакавии Ҷингес Реҷай вохӯрданд.

Силсилафилмҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]