Симкорт
Симкорт ё шиноскорт (аз англ. Subscriber Identity Module — воҳиди шиносонандаи муштарак) — корти ҳушманд барои телефонҳои ҳамроҳ аст. Сим корт ба таври амн калидҳои муштарак-сервисдиҳандаро барои шиносондаи як телефони ҳамроҳ дар худ нигаҳ медорад. Як сим корт ба корбарон иҷозат медиҳад, ки гуши телефони худро ба осонӣ фақат бо хориҷ кардани сим корт ва қарор додани он дар гӯши дигар тағйир диҳанд. Истифодаи сим кор дар шабакаҳои GSM аст. Муодили сим корт дар шабакаҳои UMTS ба номи USIM ё Universal Sim аст. Дар ҳоле, ки модули хориҷшавандаи муарификунандаи корбар (RUIM) дар телефонҳои CDMA бештар корбурд дорад.
Симкорт дар якчанд андозаи стандартӣ мавҷуд аст. Аввалӣ андозаи як корти эътиборӣ (85,60 м.м × 53,98 м.м × 0,76 м.м) аст. Андозаҳои мини, микро ва нано низ маъмул ҳастанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |