Ситора

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
ситора
Ситора

Ситораҳо як навъ ҷирмҳои осмонӣ мебошанд, ки аз газҳои тафсон иборатанду табиатан ба Офтоб монанданд. Чунки Офтобҳам ситора буда, аз сабаби ба Замин андаке наздик буданаш, ба назари мо калону нурафшон менамояд. Агар рушноӣ аз Офтоб то сатҳи замин дар муддати 8,33 дақиқа ояд, онгоҳ ҳамин хел нур аз ситораи наздиктарин баъди 4 солу 3 моҳ омада мерасад. Аксарияти ситораҳоеро, ки шабона бо чашми одӣ дидан мумкин аст, рӯзона намебинем. Чунки онҳо дар масофаҳои хеле дур ҷойгиранд, ки танҳо бо телескоп дидан мумкин аст. Аслан бо телескопҳои дақиқ олимон муайян карданд, ки равшании ин ё он ситора нисбат ба равшании Офтоб даҳҳо ҳазор маротиба зиёдтар аст. Лекин аз сабаби хеле дур буданаш ба мо равшанию гармиаш намеояд. Ситораҳо аз якдигар бо хаҷму вазну гармию равшанӣ ва ранг фарқ мекунанд. Масалан: ситораҳо кабуд, зард ё сурх мешаванд. Аз ҷумла, Офтоб ҳам ситораест, ки ранги зарду сурхи омехта дораду аз ҷиҳати ҳаҷм миёна аст. Хати миёнбанди (диаметри) Офтоб ба 69 ҳазору 600 км баробар аст. Дар байни ситораҳои калону миёна ва хурд резаситораҳои сафед ошкор шуданд, ки диаметрашон аз 10 то 20 км аст.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Википедиаи русӣ.