Сифати аслӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Сифати аслӣ аломат, хусусият ва чигунагии ашёву ҳодисаҳоро бевосита ифода менамояд: одами озод, фикри олӣ, ҳавои гарм, меваи ширин. Сифатҳои аслӣ ранг (сурх, сафед), сатҳу масоҳа (дур, наздик), хусусияти ашёҳоро, ки бо узвҳои ҳис дарк мешаванд (ширин,гарм), аломати ҷисмонии шахс ва ҳайвонот (зӯр, пир, кар, гунг) ва ғайраро ифода мекунанд.Сифатҳои аслӣ дараҷаи муқоисавӣ (-тар) ва дараҷаи олӣ (-тарин) қабул мекунанд: зебо, зеботар, зеботарин; такрор шуда, дараҷаи олии аломати ашёро ифода мекунанд (барфи калон-калон, миҷҷаҳои дароз-дароз); ба тарзи антоним ва синоним воқеъ мешаванд (талх-ширин, паст-баланд); аз онҳо бо пасванди -ӣ исми маънӣ (сурхӣ, далерӣ) ва бо пасванди -она зарф сохта мешавад (оромона, танбалона).

Нигаред[вироиш]

Манбаъ[вироиш]

  • Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик. Қисми 1: Фонетика ва морфология.- Душанбе: Дониш, 1985.-с.132