Сиёҳдона
Сиёҳдона, ё Калинҷӣ, ё Сейдана, ё Седана, ё Кашниҷи румӣ (рус. Чёрный тмин, лот. Nigēlla satīva) — Донаест аз арзани калонтари сиёҳ, ки бештар ба рӯи нон мепошанд. Ин рустаниро тақрибан дар саросари ҷаҳон парвариш ва мекоранд.
Паҳншавӣ ва экология
[вироиш | вироиши манбаъ]Ватани сиёҳдона — Ҷанубу ғарби Осиё ва Минтақаи Баҳри Миёназамин аст. Айни замон дар Баҳри Миёназамин, нимҷазираи Балкан, Қафқоз, Осиёи Хурд мерӯяд.
Хосиятҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Табъ
[вироиш | вироиши манбаъ]Андар дараҷаи севвум гарми хушк аст.
Хосиятҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Тез, буррандаи балғам аст ва зудоянда буда, бодҳо ва дамишро ҳал ва танро бағоят пок кунад.
Оростагӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Озахҳои сарнагун, холҳо, баҳак ва хусусан барасро бирезонад.
Омосҳо ва табишҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Сиёҳдонаро бо сирко бар табишҳои ширӣ ниҳанд. Он омосҳои балғамӣ ва сахтро ҳал кунад.
Решҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Онро бо сирко бар решҳои балғамӣ ва гари решшуда биниҳанд.
Андомҳои сар
[вироиш | вироиши манбаъ]Сиёҳдонаро хусусан агар бирён карда, андар пораи катон бигиранд, аз зуком суд бахшад. Онро бар пешонии касе, ки сардарди сард дошта бошад, тило кунад. Агар онро шаб андар сирко тар кунанд ва пагоҳи совида, андар бинӣ кунанд ва ё ба бемор бидиҳанд, то ба бинӣ бикашад, аз дардҳои деринаи сар ва аз лақва суд бахшад. Сиёҳдона яке аз доруҳоест, ки суддаҳои устухони полояндаро сахт бикушоянд. Бо сирко ва хусусан бо чӯби санавбар ҷӯшонидаи онро агар мазмаза кунанд, аз дарди дандонҳо судманд бошад.
Андомҳои чашм
[вироиш | вироиши манбаъ]Агар совидаи онро бо равғани бехи савсани осмонгун ҳангоми ибтидои фурӯд омадани об андар бинӣ кунанд, онро суд бахшад.
Андомҳои нафаскашӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Агар онро бо натрун биошоманд, аз росто нафас гирифтан суд кунад. Андомҳои ронанда: Сиёҳдонаро ҳатто агар бар ноф тило кунанд, кирмҳо ва кирми кадудонаро бикушад ва агар як чанд рӯз истеъмол кунанд, хуни ҳайзро битозонад. Онро бо ангубин ва оби гарм аз барои санги обгаҳ ва гурда бидиҳанд.
Табҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Табҳои балғамӣ ва хусусан савдовиро ҳал карда, онҳоро нест кунад.
Заҳрҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз дуди он ҷунбандагони зиёнкор бигурезанд. Гурӯҳе ба таъкид гуфтаанд, ки бисёр истеъмол кардани он марговар аст. Агар аз он ба қадри як драхмӣ биошоманд, аз газидагии ғунда судманд бошад.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Шаҳобуддинов С. Абӯали ибни Сино: Қонуни тиб китоби 2// Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон//Сарредаксияи илмии энсиклопедияи советии тоҷик - Душанбе 1991