Jump to content

Сиғаи шартӣ-хоҳишмандӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Феълҳои сиғаи шартӣ-хоҳишмандӣ амалеро ифода мекунанд, ки гӯянда воқеъ гардидани онро раво, имконпазир ва ё вобаста ба шарте медонад.Яке аз шаклҳои асосӣ ва аломати сиғавии феълҳои шартӣ-хоҳишмандӣ аорист буда, вобаста ба он ва сохти ҷузъи асосии феълҳои таркибӣ тобишҳои замонӣ ва маъноӣ ифода меёбанд.Дар феълҳои таркибии сиғаи шартӣ-хоҳишмандӣ феъли ёридиҳандаи будан ҳамеша ба шакли аорист меояд.Дар забони ҳозираи тоҷик ду тарзи баёни маъниҳои сиғаи шартӣ-хоҳишмандӣ маъмул аст.

1.Тобишҳои маъноии сиға бо худи шаклҳои феълӣ алоқамандона бо сохти ҷумла, робитаҳои наҳвӣ ва оҳанг ифода меёбанд.Калимаҳои махсуси ёридиҳанда кор фармуда намешаванд.
  • Тӯйро ба чор кас маъқул карда гузаронем (Раҳим Ҷалил).
  • Имрӯз шумо намеомадед, пагоҳ худам ҷеғ заданӣ будам (Ҷалол Икромӣ).
  • Дар баҳор ҳар кас мехоҳад, ки озодонатар нафас кашад, аз хонаи тангу тор,аз ,байни чор девор барояд (Ҷалол Икромӣ).
Тобишҳои маъноии шаклҳои сиғаи шартӣ-хоҳишмандӣ, ғайр аз сохти ҷумла ва оҳанг, бо калимаҳои ёридиҳанда, пайвандак ва ҳиссачаҳо равшантар таъкид мешавад.
  • Агар дӯғ зада метавониста бошӣ, рафта ба шарикҳои худат ба ҳамкосаҳоят дӯғ зан, ки онҳо мебардоранд (Ҷалол Икромӣ).
  • То модар аз сари девор гаштаву баргашта фарёд накунад,аз пеши усто амакаш дур намешуд (Фазлиддин Муҳаммадиев).
Калимаҳои модалӣ ва ҳиссачаҳои мон//монед, биё//биёед, бигзор//бигузор, бояд//бояд ки, мебоист, ақаллан, майлаш, кошки//кош, наход, наход ки, канӣ,даркор, чӣ ва монанди инҳо барои ифодаи ҷилоҳои маъноии хоҳишу орзу,таъкиду супориш, зарурат ва лозимот, қатъият ва розигӣ хидмат мекунанд.
  • Мон, ки бидонанд: аспбози асил як пояш ба лаби гӯр расад ҳам, аз қатор намебарояд (Фазлиддин Муҳаммадиев)
  • Биёед,ки ана дар ҳамин харак шинаму аз рӯшноии офтоб, аз ҳур-ҳури шамол, аз бӯйи ана ин гулҳо баҳравар шавам, ҷигарам (Раҳим Ҷалил).

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик. Қисми 1: Фонетика ва морфология.-Душанбе:Дониш, 1985.-с.205