Скрябин Александр

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Александр Николаевич Скрябин (1872-1915) — композитор ва пианинонавози барҷастаи рус.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Скрябин хатмкардаи Консерваторияи Москва, кадоме аз назарияи мусиқӣ ва композитсия устодонаш С. Танеев ва А.Аренский буданд, В.Сафонов (фортепиано). Муддати 5 сол ӯ профессор ҳамин консеррватория аз синфи фортепиано буд. Мусиқичии ҷавон чун пианинонавоз зуд шуҳрат пайдо кард, дар Россия ва хориҷа бомуваффақият консертҳо медод. Мероси эҷодиёти Скрябин зиёда аз 200 асарро дар бар мегирад. Саҳми композитор махсусан дар адабиёти фортепианӣ назаррас мебошад (10 соната, 19 достон, 90 прелюдия, 26 этюд, мазуркаҳо, валсҳо ва ғайра). Скрябин-муаллифи консерт барои фортепиано, 3 симфония, «Достони ҷунун»-и машҳураш, «Достони оташ» (Прометей). Мусиқии Скрябин бо бадеияти хосаш, фикри амиқ, доираи васеи ҳиссиётро дар бар гирифта, аз лиризми нафис то изтироби драмавӣ ва қаҳрамонии тантанаворро фаро мегирад.[1]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.358. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2 (тоҷ.)