Jump to content

Абдусабур Собиров

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Собиров Абдусабур)
Абдусабур Собиров

Абдусабур Шукурович Собиров (тав. 10.05.1945, ноҳияи Ҳисор) — риёзидон, номзади илмҳои физика ва математика (1974), дотсент (1979).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1966 шуъбаи математикаи умумии факултети физика-математикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г. Шевченкоро хатм намудааст. Солҳои 1966–1979 ассистент ва муаллими калони кафедраи алгебра ва назарияи ададҳо, ҳамзамон солҳои 1969– 1972 аспиранти донишкадаи номбурда буд. Аз соли 1979 ҳамчун дотсенти кафедраи алгебра ва назарияи ададҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор карда, аз соли 2007 вазифаи мудирии ин кафедраро ба уҳда дорад. Оид ба исботи қонуни асимптотии тақсимоти ададҳои сода бо методи элементарӣ ва дигар масъалаҳои муҳими математика кори илмӣ бурдааст. Равияи илмие, ки ӯ пеш мебарад, яке аз масъалаҳои класикии соҳаи назарияи ададҳо буда, натиҷаи олимони Амрикоӣ Г.Даймонд ва Д.Ҷ. Стейнигро оид ба баҳои асимптотии функсияи Чебишев беҳтар менамояд. Муаллифи зиёда аз 60 таълифоти илмӣ ва илмию методӣ аст. Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» сарфароз шудааст.

  • Элементҳои назарияи маҷмӯъҳо ва мантиқи математикӣ, Д., 1986;
  • Вычисление некоторых комбинаторных выражений // Доклад АН Тадж. ССР, 1991, № 10, Т.37;
  • О некоторых числовых неравенствах // Вестник Таджикского национального университета, № 1(49), Д., 2009.