Соз

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Соз - сози тории мусиқиест, ки дар байни халқҳои Осиёи Миёна, Қазоқистон, Қафқоз, Афғонистон, Эрону, Туркия ва ғ. мавриди истеъмол аст. Соз косаи мурутшакл дошта, аз чӯби тут ва дигар дарахтони сахтчӯб сохта мешавад. Ба думбура шабеҳ аст, вале бузургтару дастааш борик. Дарозии созро 70-80 см тахмин мекунанд. Пардаҳои он насбӣ ва торҳояш филиззӣ мебошанду нисбати якдигар бо кварта ё баъзан квинта ҷӯр мешаванд. Бо мизроб, дар баъзе мавзеъҳо бо нохун менавозанд. Соз се навъ дорад, ки асосан яккахонҳо истифода мебаранд. Баъзан созро дар ансамбл ва оркестри созӣ ба кор мебаранд.

Манбаъ[вироиш]

Энсиклопедияи Советии Тоҷик Мақола дар асоси маводи Энсиклопедияи Советии Тоҷик навишта шудааст.

  • Раҳимов И. Соз // Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик Ҷ.З - Душанбе,2004