Расулҷон Солиҳҷонов
Зоҳир
(Тағйири масир аз Солиҳҷонов Расулҷон)
Расулҷон Солиҳҷонов (тав. 1955, водии Фарғонаи ҶШС Ӯзбекистон), файласуф, номзади илмҳои фалсафа (1990).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1982 Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г. Шевченкоро хатм намудааст. Солҳои 1983–1986 ҳамчун мудири кабинети кафедраи фалсафа, котиби Комитети комсомолии донишкада, раиси Кумитаи иттифоқҳои касабаи донишҷӯён дар Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко фаъолият намудааст. Солҳои 1985–1990 дар аспирантураи донишкадаи омӯзгорӣ таҳсил кардааст. Муаллифи якчанд асарҳо ва мақолаҳои илмӣ мебошад, ки дар онҳо масъалаҳои диалектикаи зиддиятҳои иҷтимоӣ ва арзишҳои фалсафа мавриди таҳлил қарор гирифтаанд. Бо нишони «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» (1990) қадр гардидааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Диалектикаи зиддиятҳои иҷтимоӣ: хусусиятҳои инкишоф, Д., 1989;
- Диалектика ва алтернативаҳои он, Д., 1993;
- Фалсафа (Китоби дарсӣ, бо ҳаммуалифӣ), Д., 1997.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]
Ин мақолаи хурд дар бораи донишманд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |