Солмони Соваҷӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Солмони Соваҷӣ
Салмони Соваҷӣ
Салмони Соваҷӣ
Таърихи таваллуд: 1300(1300)
Зодгоҳ: Сова, Эрон
Таърихи даргузашт: 1377(1377)
Маҳалли даргузашт: Бағдод, Ироқ
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Жанр: ғазалҳо, қасоид, рубоиёт, қитъаҳо
Забони осор: забони порсӣ

Ҷамолуддин Хоҷа Салмон ибни Хоҷа Алоуддини Муҳаммад, (форсӣ: خواجه جمال‌الدین سلمان بن خواجه علاءالدین‌محمد‎) —  мутахаллис бо Салмони Совачӣ, яке аз шоирони номдори форсу тоҷик

Зиндагинома[вироиш]

Ҷамолуддин Хоҷа Салмон ибни Хоҷа Алоуддини Муҳаммад яке аз шоирони номдори форсу тоҷик буда, соли 1300 дар шаҳри Соваи ҷануби Эрон таваллуд шудааст, соли 1377 дар Бағдод вафот кардааст. Илмҳои расмии замон, махсусан илми шеър, забон ва адабиёти араб, хисобро бо ёрии падараш аз худ намудааст. Салмони Совачи шеърнависиро аз хурдсоли сар карда, дар айёми ҷавонӣ дар байни аҳли сухан обрую эътибор пайдо мекунад. Шӯҳрати шоирии Салмони Совачи бо таълифи «Қасидаи маснуъ», ки дар чанд баҳр ва истифодаи санъатҳои гуногуни бадеӣ таълиф ёфта , ба номи вазири хонадони ҷалоири Хоҷа Ғиёсуддин Муҳаммад (с-ҳои вазорат 1327-1335) ба тарики мувашшах гуфта шудааст, бештар алокаманд аст. Салмони Совачи дар 18-солаги ба Багдод рафта, ба хизмати вазири номбурда ва хонадони ҷалоири дохил шуда, бештари умрашро дар хизмати намояндагони ин сулола гузаронидааст. Сарфи назар аз он ки шоир бо муҳити дарбори феодали пайвастаги дошт, зиндагии ӯ муътадил ва мувофики табъ намегузашт. Шоир агар аз як тараф, аз бадгуи, игвогари ва суханчинии хасудон азоби рухи кашида бошад, аз тарафи дигар, ба сабаби тангдасти ва нодорами машаккат кашидааст ва мачбур шудааст, ки ба шох, вазир ва амалдорони чалоири барои дастгири мурочиат намояд, вале хохишҳои ӯ аксар бенатича мондаанд. Аз ҳамин сабаб Салмони Совачи ва ахли оилааш гох дар Багдод, гох дар Сова ва баъзан дар Табрез умр ба сар мебурданд. Салмони Совачи дар доираи адабии ин шаҳрхо ва берун аз онҳо мақому мартабаи арзандаеро доро буд. Бо шоирони хамзамонаш, аз ҷумла, Убайди Зокони мушоира кардааст. Дар шеър пайрави Хофиз, Саъди, Камолуддини Исмоил, Захири Форьёби, Анвари ва Манучеҳрӣ буд.

Эҷодиёт[вироиш]

Осори адабии шоир – газалҳо, қасоид, рубоиёт, қитъаҳо, тарчеъбанду таркиббанд ва маснавиҳои у, ки дар «Куллиёт»-аш гирд оварда шудаанд, дар хачми 16000 байт то замони мо расидаанд. Дар байни жанрҳои лирикии осори Салмони Совачи газал ва қасида чои намоёнро ишгол мекунад. Салмони Совачи хамчун шоири газалсаро эътибори калон дорад. У дар инкишофи минбаъдаи газал аз ҷиҳати шакл ва мазмуну мундарича дар баробари Хочуи Кирмони, Носири Бухорои, Хофизи Шерози ва дигарон хиссаи арзанда гузоштааст. Салмони Совачи дар достонсарой низ махорати хубе доштааст, ки «Чамшед ва Хуршед» (таълифаш 1362) «Фирокнома» (таълифаш 1369-70) гувохи ин гуфтаанд. Достони романтикии «Чамшед ва Хуршед» (3087 байт), ки онро А. Крымский ва Ян Рипка нусхаи дигари «Хусрав ва Ширин»Низомии Ганчави донистаанд (Салмони Совачи гуё танҳо номи кахрамонҳоро тагйир додаст), дар асл манзумаест, ки дар асоси достонҳо ва ривоятҳои халқи эҷод гардидааст. Достони Салмони Совачи аз достони Низоми, ки асоси сужети онро ашхос ва вокеаҳои таърихи ташкил доданд, ба кулли фарқ мекунад. Ин фарқ дар сужет, сохт, интихоби кахрамонҳо ва фаъолияти онҳо, гоя, услуби адаби ва ғайра. ба назар мерасад. Салмони Совачи дар достонаш саргузашти Чамшеди чини ва киссаи ишқи уро ба духтари кайсари Рум - Хуршед хикоя кардааст. Дар «Чамшед ва Хуршед» мавзуи маркази тавсифи ишқи хакикиву софи инсон мебошад. Салмони Совачи баробари ин мавзӯъ масоили мухими ичтимои ва ахлоқиро аз кабили некиву некукори, дустиву рафокат, ростиву вафодори ба миён гузоштааст. Дар «Фирокнома» оид ба дустии ду чавонписар – Малик ва Махбуб сухан меравад. Салмони Совачи калимаи «ишк» ва маҳумҳои ба он мансубро ба маънии дустиву рафокат ба кор бурдааст, ки аз ин ҷиҳат «Фирокнома» дар таърихи достонсароии форс-тоҷик асари аввалин аст. Дар ашъори Салмони Совачи маъниҳои дакик, мазмунҳои баланд, ташбехҳои пуробу ранг ва дигар латоифи шеъри фаровон аст. Аз ин ру пояи баланди шӯҳрати ашъори шоир ҳанӯз дар замони зиндагиаш то ба чое расида будааст, ки устодони сухан ба сехри сухани ӯ тан додаанд.

Аз ғазалиёт[вироиш]

Мастию ишқ аз азал пешаву оини мост, Дини ман ин асту бас кист, ки бо дини мост? Хоки дари мастаба з-оби Хизир бехтар аст, Чашмаи нушини мо чуръаи душини мост. Риндию майхораги қисми ман имрӯз нест, Одати дерини дил, пешаи пешини мост. Бистару болини ман то нашавад хоку гил, Хоку гили мастаба бистару болини мост. Кунчи харобот агар маскани мо шуд, чи шуд? Ганчи ду олам ба накд дар дили мискини мост. Накшу нигори ҷаҳон хеч мабин дар ҷаҳон, К-он чи назар мекуни, нақши нигорини мост.

То зи моҳи талъатат тарфи никоб афтодааст, Ларза аз акси рухат бар офтоб афтодааст. Рахмате фармо, ки аз борони ашки чашми ман Мардуми бечораро дар хона об афтодааст. Мекашад мискин дилам тоби таноби турраат, Чун кунад дар гардани ӯ ин таноб афтодааст. Хайли хунхори хаёл атрофи чашми ман гирифт, Он чунон к- аз дидаи ман роҳи хоб афтодааст. Хамдаме дорам азиз аз ман чудо хоҳад шудан, Лочарам мискин дилам дар изтироб афтодааст. Чашми мастат дидаам рӯзе, дар он масти ҳанӯз Дар хароботи мугон Салмон хароб афтодааст.

Дар азал акси маи лаъли ту дар чом афтод, Ошики сухтадил дар тамаи хом афтод. Чомро аз шакари лаъли лабат нукле кард, Рози сарбастаи хум дар дахани ом афтод. Холи мушкини ту дар орази гандумгун дид, Одам омад зи пайи донаву дар дом афтод. Бод зуннори сари зулфи ту аз хам бикушуд, Сад шикаст аз тарафи куфр бар ислом афтод. Ишк бар куштани ушшок тагофул мекард, Аввалин куръа, ки зад бар мани бадном афтод. Ишкам аз руйи тамаъ пардаи такво бардошт, Табл пинхон чи занам, ташти ман аз бом афтод. Душ Салмон ба калам шархи гами дил медод, Оташ андар вараку дуд дар аклом афтод.

Аз рубоиёт[вироиш]

Бар бод дилам гуфт, ки бодо, бодо, Бо ёр бигу, ки хар чи бодо, бодо, К-он кас, ки маро зи сухбатат кард чудо, Шаб бо гаму ранчу рӯз бодо, бодо.

Гуфтам, ки магар ба иттифоки асхоб Дар мавсими гул тарк кунам бодаи ноб. Булбул зи чаман наъразанон дод чавоб, К-эй бехабарон, тарки гулу тарки шароб!

То нолаи булбулам ба гуш омадааст, Дил бо сари айшу ною нуш омадааст. Раг аз тани хушки чанг бархостааст, Хун дар тани чоми ман ба чуш омадааст.

Хохам, ки маро мудом омода бувад: Чоми маю шохиде, ки озода бувад. Чандон бихурам бода, ки гар хок шавам, Ин косаи сар ҳанӯз пурбода бувад.

Абр аст гухарбору ҳаво анбарбез, Ошик зи ҳаво чун кунад, охир, пархез? Соки сипехр бар кафи наргиси маст Бинход пиёлае, ки «кач дору марез».

Сармояи дину дил ба горат додам, Суди ду ҷаҳонро ба хасорат додам. Савганд зи май ҳазор пай хурдаму боз, Май хурдаму имон ба кафорат додам.

Адабиёт[вироиш]

  • 1.Абдулманнони Насриддин. Куллиёти осор.ҷ.7.-Хуҷанд, 2013.- с.575-578
  • 2. Забебуллоҳ Сафо. Таърихи адабиёт дар Эрон.-ҷ.3/2. Теҳрон, 2013.- С.1004-1022 

Пайванди беруна[вироиш]