Бағдод

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шаҳр
Бағдод
ар. بغداد
курдӣ: بەخد
ором. ܒܓܕܐܕ
Акс:Baghdad collage.png
Парчам
Парчам
33°21′ с. ш. 44°25′ в. д.HGЯO
Кишвар Ироқ
Муҳофаза Бағдод
Роҳбар Manhal Al habbobi[d]
Таърих ва ҷуғрофиё
Таъсис 762[1]
Масоҳат
  • 673 км²
Баландии марказ 34 м
Минтақаи замонӣ UTC+03:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ
Шиносаҳои ададӣ
Нишонаи почта 10001–10090
amanatbaghdad.gov.iq
Нишон додан/Пинҳон кардани харита
Бағдод дар харитаи
Бағдод
Бағдод
 Парвандаҳо дар Викианбор

Бағдóд (ар. بغداد‎) — пойтахт ва калонтарин шаҳри Ироқ, маркази маъмурии муҳофазаи Бағдод. Бо аҳолии беш аз 9 млн нафар (2015)[3], яке аз шаҳрҳои бузургтарини Шарқи Наздик ба ҳисоб меравад.

Аҳолӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Аҳолиаш 9 млн нафар (2015) зиёда аз 75 дарсад арабҳо, инчунин курдҳо, туркҳо, арманиҳо, яҳудиҳо ва дигар миллатҳо зиндагӣ мекунанд.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 762 дар замони халифа ал-Мансур (754–775) сохта шуд ва ба ҷойи шаҳри Куфа пойтахти хилофати Аббосиён гардид. Аввал Мадинат-ус-Салом (Шаҳри Сулҳ) ном дошт. Ҳанӯз дар садаи IX бо Ҳиндустон, мамолики Араб ва Аврупо ва садаи X бо давлати Рус робитаи тиҷоратӣ дошт. Замони шукуфоии Бағдод ба давраи ҳукмронии халифа Ҳорунаррашид (асри 9) рост меояд, қасрҳо, мадрасаҳо, биноҳои маъмурию истиқоматӣ сохта шуданд. Тӯли чандин садсола маркази бузурги илмию фарҳангии Шарқи Наздик ба шумор мерафт. Ишғоли Б. ба дасти оли Буя (945) ва Салҷуқиён (1055) сурат гирифта, яке аз шаҳрҳои ин хонадонҳо шуд. Соли 1258 аз ҷониби лашкари хони муғул Ҳулоку ишғол ва хароб карда шуд, солҳои 1393 ва 1401 лашкариёни Темур шаҳрро ғорат карданд. Асрҳои 16–17 зери итоати салҷуқиёну форсҳо қарор дошт, аз соли 1638 ба ҳайати Империяи Усмонӣ ворид гардид. Соли 1917 Б.-ро нерӯҳои низомии англис ишғол намуданд. Аз соли 1921 пойтахти шоҳигарии Ироқ ва аз 14 июли соли 1958 пойтахти Ҷумҳурии Ироқ мебошад. Солҳои 1997–98 аз ҷониби нерӯҳои ҳавоии Амрико ва Британияи Кабир бомбаборон карда шуд. Апрели 2003 шаҳр зери тасарруфи нерӯҳои амрикоӣ-британӣ қарор гирифт. Дар Бағдод бисёр корхонаҳои саноатӣ (бофандагӣ, дӯзандагӣ, хӯрокворӣ), инчунин муассисаҳои илмию фарҳангӣ ҷойгиранд, ки қисми зиёдашон ҳангоми бомбаборони соли 2003 хароб гардиданд.

Иқтисод[вироиш | вироиши манбаъ]

Роҳи оҳан, роҳҳои автомобилгард ва ҳавоӣ дорад. Даҷла шаҳрро ба соҳили рост (Карх) ва чап (Русофа) ҷудо менамояд. Дар Бағдод АИ Ироқ, се донишгоҳ, маҷмааи осорхонаи «Кохи Аббосиён», осорхонаи мардумшиносӣ, дахмаҳои Мусо ал-қадим, Зубайда ва дигар иншоот ҷойгиранд. Масҷиди Имоми Аъзам он ҷост.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Новая российская энциклопедия. Т. II. М., 2005.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]