Jump to content

Сохти шумораҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Шумораҳо аз ҷиҳати сохт ба чор гурӯҳ ҷудо мешаванд: сода, сохта, мураккаб, таркибӣ. Шумораҳои сода танҳо аз реша иборатанд: беш, кам, зиёд, бисёр, зуд, пеш, дер, акнун, ҳозир, қафо, ақиб.Баъзе шумораҳои таърихан сохта бо мурури замон қисман маънои пештараи худро аз даст дода,ба гурӯҳи шумораҳои сода ворид шудаанд:сонӣ, имрӯз, фаврӣ, ҳадаҳа, дина, берун, беҳуда. Инчунин калимаҳои арабии алҳол,минбаъд низ ба гурӯҳи шумораҳои содаи забони тоҷикӣ дохил шудаанд. Зарфҳои сохта ба воситаи ба реша ҳамроҳ шудани пешвандҳои бе-, но-, ба-, бо-, бар-, дар-, то- сохта мешаванд: бемалол, беист, бехато, бемаҳал,нодуруст, ночор, нохост, бағоят, батартиб, базӯр, бошаст, боэҳтиёт, барвақт, барқасд, дарҳол, даррав, торафт, токунун ва ғ. Зарфҳои сохта инчунин ба воситаи ба реша ҳамроҳ шудани пасвандҳои -ан (ян), -нокӣ, -она (-ёна),-акӣ, -сон, -ваш, -вор, -ӣ (-гӣ), -ак (-акак)сохта мешаванд: тахминан, қасдан, паснокӣ, даруннокӣ, аспакӣ, шабона, самимона, ғунчасон, марворидсон, оҳувор, кӯдаквор, қатъӣ, ҷиддӣ, ҳозиракак, оҳистакак. Зарфҳои мураккаб бо роҳи пайваст шудани ду реша ба воситаи миёнванди -о- ва бе он низ сохта мешаванд: гармогарм, пешопеш, саропо, раҳораҳ, якояк, якзайл, умрбод, таънаомез, якбора. Зарфҳои мураккаб инчунин бо такрори калимаҳо низ меояд: зуд-зуд, зор-зор,дута-дута, як-як. Зарфҳои таркибӣ аз якчанд калима таркиб меёбанд: худ ба худ, пай дар пай, рӯз то рӯз, дам ба дам, бечуну чаро ва ғ.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Забони адабии ҳозираи тоҷик.қ.1- Душанбе:Ирфон,1973.-с.207