Jump to content

Омор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Статистика)
Normal bell curve showing statistics used in educational assessment and comparing various grading methods. The scales include standard deviations, cumulative percentages, percentile equivalents, Z-scores, T-scores, standard nines, and percentages in standard nines.

Омор ё Статистика (аз забони-лотинӣ|status - ҳолат) — яке аз илмҳои ҷамъиятиест, ки равандҳои гуногуни соҳаҳоро омӯхта, онҳоро аз ҷиҳати миқдор тавсиф медиҳад.

Дар асрҳои миёна омор маънои ҳолати сиёсии давлатро дошт. Ба илм ин мафҳум дар садаи XVIII аз тарафи олими немис Гортфрид Ахенвал дароварда шуд. Баробари тараққиёбии илми омор бо васеъшавии соҳаи амалии корҳои амалӣ мазмуни мафҳуми «омор» ҳам тағйир меёфт. Дар замони ҳозира мафҳуми «омор» бо 3 маънӣ кор фармуда мешавад: 1) оморро ҳамчун соҳаи фаъолияти амалӣ, ки ба бадасторӣ, коркард ва таҳлили маълумотҳои оммавӣ оид ба ҳодисаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ равона карда шудааст, мефаҳманд. 2) оморро маводи рақамӣ меноманд, ки он барои тавсифи ягон соҳаи ҳодисаҳои ҷамъиятӣ ё тақсимоти ҳудудии ягон нишондиҳанда хидмат менамояд. 3) омор ин соҳаи илм, фанни махсус ва мувофиқан фанни таълимӣ дар мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус мебошад.

Илми омор, худ мубтано аст бар назарияи омор, ки шохаи аз риёзиёти корбур ба ҳисоб меояд. Дар назарияи омор, иттифоқоти тасодуфӣ ва илми қатъият тавассути назарияи эҳтимолот моделсозӣ мешаванд. Дар ин илм, мутолиа ва қазоват маъқул дар бораи мавзӯъҳои гуногун , бар мубтанои як ҷамъ анҷом мешавад ва қазоват дар мавриди як фарди хос аслан матраҳ нест. Дар замони муосир ин илм барои ҷамъоварии маълумотҳои саҳеҳи рақамӣ барои раванди фаъолият ва натиҷаҳои ниҳоии корхонаву ташкилотҳо ба таври васеъ истифода бурда мешавад.