Jump to content

Степан Ҳаусер

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Степан Ҳаусер
хорватӣ: Stjepan Hauser
Иттилооти асосӣ
Таърихи таваллуд 15 июн 1986(1986-06-15)[1] (38 сол)
Зодгоҳ
Кишвар
Пеша(ҳо) cellist
Соз виолончел
Ношир(он) Aquarius Records[d][1], Sony Classical[d][1], Croatia Records[d][1] ва Sony Music[d][1]
hauserofficial.com(англ.)
 Парвандаҳо дар Викианбор

Степан Хаузер (хорватӣ: Stjepan Hauser; зод. 15 июн 1986[1], Пула, Истриё[d]) — виолончелнавози хорватӣ; дар якҷоягӣ бо навозанда Лука Шулич дуэти виолончели машҳури «2CELLOS»-ро ташкил медиҳанд.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

15 июни 1986 дар шаҳри Пулаи Курувосӣ дар хонаводаи навозандагон ба дунё омадааст (модараш перкуссия менавозад) ва аввалин малакаи мусиқии худро дар хурдсолӣ гирифтааст. Хоҳари ӯ ҳамчун рӯзноманигор дар Пуло кор мекунад.

Ӯ маълумоти миёнаи худро дар шаҳри Риека гирифта, минбаъд дар Коллеҷи Тринитӣ дар Дублин таҳсил кардааст. Пас аз он, ӯ ба Коллеҷи мусиқии Шимолии Подшоҳӣ дар Манчестер дохил шуд ва баъдтар дар ИМА таҳти роҳбарии виолончелист Бернард Гринҳауз[en] дарс омӯхт.

Корномаи мусиқоӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
Дугонаи 2CELLOS бо Лука Шулич

Вай аввалин бор дар Лондон ба саҳна, дар Wigmore Hall[en], Royal Royal Albert Hall, Southbank Centre[en] ва Concertgebouw Амстердам баромад. Ду маротиба барои шоҳзода Чарлз аз Уэлс дар Қасри Букингем ва Сент Ҷеймс баромад кардааст.

Вай аз виолончелнавозони машҳур дарсҳои устодона гирифт: Мстислав Ростропович (як қатор манбаъҳо иддао доранд, ки Степан Ҳаусер охирин виолончелнавозҳои ҷавон буд, ки маэстро гӯш карда ва маслиҳат додаанд), Бернард Гринҳауз[en], Генрих Шифф, Франс Хелмерсон, Арто Норас[en], Ралф Киршбаум[en], Уолтер Деспал, Филиппе Мюллер[en] ва дигарон. Вай бо Александр Ивашкин каме таҳсил карда, баъдтар таҳти роҳбарии ҳамсараш виолончелнавоз Наталя Павлутская аспирантураро хатм кардааст.

Дар моҳи январи соли 2011, онҳо ҳамроҳ бо виолончелнавоз Лука Шулич нусхаи бозхонии ҳити Майкл Ҷексон «Smooth Criminal»-ро, ки барои ду виолончел созмон дода шудааст, иҷро карданд. Видео дар тӯли чанд рӯз дар YouTube нашр шудаву як ҳангомаи ҷаҳонӣ шуд[2][3][4].

Зиндагии шахсӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз соли 2015 инҷониб ӯ бо овозхони попи аҳли Курувосӣ Елена Розга муносибат дорад[5]. Дар аввали соли 2016, номзадии онҳо сурат гирифт, аммо дар моҳи сентябри соли 2017 ҳамсарон аз ҳам ҷудо шуданд[6]. Чанд муддат ӯ бо пиёнунавоз Лола Остонова дар робита буд, аммо моҳи январи соли 2018 эълом кард, ки ҷуфт надорад[7].

Ӯ дар бисту як озмуни миллӣ ва байнулмилалӣ сазовори ҷоизаи аввал гардидаст.

  • Барандаи PLG Young Artists Auditions 2009,
  • Барандаи J & A Beare Solo Bach Competition 2009,
  • Барандаи NYOS Staffa Award 2009,
  • Барандаи Philharmonia Orchestra — Martin Musical Scholarship Fund (2009 и 2008),
  • Барандаи Eastbourne Symphony Orchestra Young Soloist Competition (2009 и 2007),
  • Барандаи Tunbridge Wells International Young Concert Artists Competition (2008 и 2006),
  • Барандаи Computers in Personnel International Concerto Competition 2008,
  • Барандаи Frankopan Fund Award 2006,
  • Барандаи MBF Music Education Award (2006 и 2005)
  • Пирӯз ва ҷоизадори Adam International Cello Festival and Competition (2009, Зеландияи Нав)
  • Ҷоизадори VTB Capital Prize for Young Cellists 2009
  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 1.4 1.5 Discogs (ингл.) — 2000.
  2. VIDEO: Stjepan i Luka postali hit na YouTube u samo dva dana. I Hollywood je poludio za njima (Croatian), www.jutarnji.hr, Jutarnji list.
  3. Hrvatski čelisti hit na YouTubeu (Croatian), www.jutarnji.hr, Jutarnji list. Бойгонӣ шудааст 4 май 2011  сол.
  4. "Smooth criminal" na violončelu hit na YouTubeu (Croatian), Novi list. Бойгонӣ шудааст 25 Январ 2011  сол.
  5. Ena Makić. Jelena Rozga: Zaljubila sam se u trećoj minuti našeg susreta (hr). 24sata.hr (12 ноябри 2015). 11 апрели 2019 санҷида шуд.
  6. Danijela-Ana Morić. Jelena Rozga progovorila o raskidu zaruka s Hauserom (hr). tportal.hr (15 сентябри 2017). 11 апрели 2019 санҷида шуд.
  7. Danijela-Ana Morić. Stjepan Hauser: 'Poslije nekih veza naučio sam da je dobro i lijepo biti sam' (hr) (20 Январ 2018). 10 октябри 2018 санҷида шуд.