Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Субҳӣ Ҷавҳаризода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Субҳӣ Ҷавҳаризода
Таърихи таваллуд: 15 сентябр 1946(1946-09-15)
Зодгоҳ: Истаравшан
Таърихи даргузашт: 8 май 2020(2020-05-08) (73 сол)
Маҳалли даргузашт:
Навъи фаъолият: рӯзноманигор, шоир

Субҳӣ Ҷавҳаризода (15 сентябр 1946, Истаравшан, вилояти Суғд8 май 2020, Истаравшан, Вилояти Суғд) — рӯзноманигор ва шоири тоҷик, узви Конфедератсияи байналмилалии Иттифоқи журналистон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Убайдуллоҳи Ҳусейн, мутахаллис ба Субҳӣ Ҷавҳаризода, набераи шоири бузург Зуфархон Ҷавҳарӣ 15 сентябри соли 1946 дар шаҳри Истаравшан ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд дохил шуда, онро соли 1969 бомуваффақият хатм кардааст.

Субҳӣ ба касби омӯзгорӣ машғул буда, муҳаррири барномаи маърифатии телевизиони маҳаллии «Чароғи нур», сардабири маҷаллаи байналмиллалии «Марворид» мебошад. Ӯ узви конфедератсияи байналмилалии Иттифоқи журналистон аст.

Ӯ муаллифи маҷмӯаҳои «Илҳом» «Файзи чашма», «Садоқати ишқ», «Чашми хирад», «Гӯсолаҷони амма», «Тӯғёни дил» (Теҳрон 2004), «Чароғи нур», «Ганҷи маъонӣ» (Теҳрон 2005), «Кошонаи дил» (Теҳрон 2007) аст.

Намунаи ашъор
Ба дарди худ дар ин гулшан давоеро надонистам,
Зи бадаҳдону бадхоҳон сафоеро надонистам.
Агарчи шӯру афғонам гирифта олами ҳастӣ,
Зи маккорони ҳарҷорав зиёеро надонистам.
Бароям шуълаи шамъи муҳаббат буд, парвона,
Шудам хокистару қалбошноиро надонистам.
Чу гаштам ман дар ин олам, надидам бовафоеро,
Вафо кардам ба кас, дилошноиро надонистам.
Ба хӯрдан луқмае нон буд, агарчи лоақал бар ман,
Бар ҳар кас ошно гашта, гадоиро надонистам.
Ба доми макри гетӣ соддадил афтодаам, Субҳӣ,
Ба ҳар коре, ки дил додам ҷудоиро надонистам!
  • Баёзи адибони Истаравшан — Д. : «Эҷод», 2009. — 288 саҳ.