Султон Раҳимзода
Зоҳир
Раҳимзода Султон Нурмаҳмадпур | |
аз 29 январи соли 2024 | |
|
|
Ҳизб | Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон |
Касб | ходими давлатӣ |
Султон Раҳимзода (Раҳимзода Султон Нурмаҳмадпур, тав. 12 декабри соли 1974) — ходими давлатӣ ва сиёсии тоҷик. Номзади илмҳои сиёсатшиносӣ. Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз с. 2024).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Султон Раҳимзода 12 декабри соли 1974 ба дунё омадааст. Соли 1996 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро хатм кардааст.
- Солҳои 1996-1997 Электоромонтёри лабораторияи электортехникии Нерӯгоҳи Барқии Обии Норак
- Солҳои 1999-2000 Техники шӯъбаи истеҳсолӣ-техникии ҶСК «Норак НБОсоз»
- Солҳои 2000-2002 Оператори мошинҳои электронии ҳисоббарори сехи иншоотҳои обии НБО-и Норак
- Солҳои 2002-2003 Муҳандиси барномасози сехи иншоотҳои НБО-и Норак
- Солҳои 2003-2004 Сармутахассиси бахши иттилоотии Кумитаи Иҷроияи Фонди Байналмилалии наҷоти Арал
- Солҳои 2004-2005 Сардори бахши иттилоотии Кумитаи Иҷроияи Фонди Байналмилалии наҷоти Арал
- Солҳои 2005-2009 Иҷрокунандаи вазифаи Раиси Кумитаи Иҷроияи Фонди Байналмиллалии наҷоти Арал, шаҳри Душанбе
- Солҳои 2009-2010 Мудири Шӯъбаи экология ва ҳолатҳои фавқулоддаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Солҳои 2010-2013 Муовини якуми Вазири мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
- Солҳои 2013-2019 Муовини якуми Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Солҳои 2019-2020 Сафири Фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон ҳамзамон Сафири Фавқулодда ва Мухтори ҶТ дар Ҷумҳурии Федеративии Демократии Непал ва дар Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка
- аз сентябри соли 2020 то 29 январи соли 2024 Раиси Кумитаи Иҷроияи Фонди Байналмиллалии наҷоти Арал.
- аз 29 январи соли 2024 дар вазифаи раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.[1]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Раҳимзода Султон Нурмаҳмадпур(тоҷ.). www.president.tj (3 ноябри 2020). 15 Декабри 2023 санҷида шуд.