Суфихоҷа Суфӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Суфихоча Суфи (1894-1877) аз шоирони тоҷики асри XIX мебошад, ки дар Бухоро таваллуд шуда, дар Самарканд ва Бухоро мансаби козикалонро доштааст. Баъд дар мадрасаҳои Кукалтош ва Гавкушони Бухоро дарс гуфтааст. Доир ба ҳаёт ва рӯзгори шоир дар маъхазҳо маълумоти кофӣ ҷой надорад Девони шоир аз газал, мухаммас, мустазод ва рубоӣ иборат буда, маснавии «Бахориёти мевахо»-и шоир дар пайравии «Бахориёт»Сайидои Насафи дар шакли қасида иншо гардидааст.

ҒАЗАЛИЁТ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эй барки хушхиром чафо кардай маро
Кулфатгудози ранги хино кардай маро,
Сар то кадам тагофули чун барки даргузар,
Дар базмгоҳи ишқ адо кардай маро.
Олам хароб кардай аз зулфи печ-печ
Эй качкулах ба гамза чихо кардай маро?
Бишкастааст боли ман аз вусъати фирок,
Дар орзуи боди сабо кардай маро.
Суфи ба нола васл талаб мекунад туро,
Эй барки хушхиром, чафо, кардай маро.
Эй азизон, ғами моро ҳамагон ёд кунед,
Номаи ҳаҷри маро ҳар тараф эҷод кунед!
Душ бар боди сабо вақти саҳар мегуфтам:
Муждаи он чаман оред, диле шод кунед!
Ҳоли ин хаста ба мастони харобот баред,
Зуд маҳбуси қафасро зи ғам озод кунед!
Фурқати хулди барин Рузи азал бисриштанд,
Дод аз ғайрати он дилбари бедод кунед!
Сӯфӣ, ин нукта, ки аз пири муғонам ёд аст,
Бо дили хушнуда сад нолаю фарёд кунед!
Саҳаре буд, ки бар ғунчаи гул бод расид,
Булбул ин гуфт, ки номаҳрами бедод расид.
Додхоҳ нолакунон гирди чаман мегардад,
Ба миёни Ману гул ин чӣ мухаллод расид.
Эй азизон, аҷаб ин води хунрезон аст,
Ёр мегуфтаму он қотили ҷаллод расид.
Ҳеч ошиқ натавонад, ки дам аз васл занад,
Базми Ширин талабид, теша ба Фарҳод расид.
Хост Сӯфӣ, ки дам аз васли лаби ёр занад,
Ҷилвае кард, ду сад ханҷари фӯлод расид.
Нигоро, ба кӯят, бигӯ, чун расам ман?
Зи сар то ба по дида пурхун расам ман.
Зи ҳаҷрат нагирям, нанолам, чӣ созам?
Зи дарди ту, ҷоно, ба Ҷайҳун расам ман.
Зи Лайлию Ширин ба хотир биёрам,
Ба Фарҳоди бечора Маҷнун расам ман.
Ки дасти Ману домани нозанинон,
Бигӯ нозанино, ки ҳамчун расам ман.
Ниёзе ҳамекарду мегуфт Сӯфӣ,
Ба рафтори он қади мавзун расам ман.
Бино мабод дида, ки пурхун насӯхтам,
Аз шеваҳои қомати мавзун насӯхтам.
Хокам ба сар, ки даъвии ишқи ту кардаам,
Аз ишваҳои чашми ту Маҷнун насухтам.
Умрам мабод бе ту ба шабҳо, ки зистаам,
Бо чоки синаи дили маҳзун насухтам.
Помоли хор чун нашавад аз ғамаш дилам,
Сабре ба ҳаҷр кардаму афзун насухтам.
Имруз Сӯфӣ даъвии зоҳид раҳо кунад,
Чун ринд бехуд аз майи гулгун насухтам.

Аз рубоиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз хуни ҷигар нома барии ёр навиштам,
Аз сузи дилу дидаи хунбор навиштам.
Дидам, ки дари васл ба руям накушоданд,
Аз нолаи ғамҳои шаби тор навиштам.
Эй боди сабо, бар сари куяш гузаре кун,
Аз ҳоли дили хуншудаи мо хабаре кун.
То чанд зи дарди дили афгор бинолам,
Раҳме бинамо, дида дар ин раҳгузаре кун.