Jump to content

Суҳроби Сипеҳрӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Суҳроби Сипеҳрӣ
Таърихи таваллуд: 7 октябр 1928(1928-10-07)[1]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 21 апрел 1980(1980-04-21)[2][1] (51 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: рассом, шоир, нависанда
Забони осор: форсӣ[2]
Имзо: имзо
sohrabsepehri.com
 Парвандаҳо дар Викианбор

Суҳроби Сипеҳрӣ (форсӣ: سهراب سپهری7 октябри 1928, Кошон, Эрон — 21 апрели 1980, Теҳрон, Эрон) — яке аз шоирони муосири Эрон ба шумор рафта, дорои сабки хос аст, ки намунаи ибрати шоирони пас аз худ ба гаштааст.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Суҳроби Сипеҳрӣ дар соли 1928 дар шаҳри Кошон (аз шаҳрҳои марказии Эрон) ба дунё омадааст ва таҳсилоти худро дар ҳамон шаҳр гузаронида сипас ба омӯзгорӣ машғул шуд ва баъдҳо дар риштаи наққошӣ дар донишкадаи ҳунарҳои зебо ба таҳсил идомадод. Суҳроб аз соли 1953 фаъолона ба шеър ва наққошӣ ва сафарҳои ҳунари дар кишварҳои аврупоӣ ва осиёӣ пардохт. Дар оғоз ӯ низ монанди бисёре аз навпардозони ҳамасри худ бо жанрҳои чаҳорпора ва шабеҳи нимоӣ, мутассир аз Таваллулӣ ва Нимо вориди саҳнаи шеър шуд. Аммо ошноии амиқи ӯ бо ҳунарҳои ирфон ва адёну асотири Машриқзамин аз як сӯ ва шеъру ҳунари модерни Ғарб, аз дигар сӯ, вайро ба қаламравҳои тозатаре кашонд.Бавижа баъд аз интишори ду китоби худ, яъне «Садои пойи об» ва «Мусофир» ва китоби «Ҳаҷми сабз» биниши Сипеҳрӣ ва тавони шоирии ӯ ба авҷи худ расид. Ҷойгоҳи ӯ ба унвони яке аз қулланишинони шеъри муосири порсӣ тасбит шуд. Ин осори бар барҷастатарин шохисаҳои шеъри Сипеҳрӣ, яъне тозагӣ, шаффофият ва балоғати зеҳну забон, табиатгароии жарф ва авотифу андешаҳои латифи инсонӣ тавъам бо ғанои орифона бар бистари модернизме зинда ва пуртапишанд. Забони Сипеҳрӣ дар даврони авҷи шеърӣ забонест зулол, тасвире пур аз эсосу ҳодиса ва саршор аз шигардҳои шоиронае назири маҷоз, ҳисомезӣ, шахсиятбахшӣ ба ашё, ҳинҷоршиканӣ ва ғайра, ки бо баҳрагири аз лаҳни гуфторӣ фасле тоза дар сохтори каломии шеъри имрӯз кушодааст. Шеъри ӯ саршор аз тасовири тозаву зулол ва пӯё аст. Ҳамзистии самимона бо ашё ва падидаҳо ӯро ба самти руъяте ошиқона аз табиати шуурманду орифона раҳнамун сохтааст, аз ин рӯ омезае аз табиатситоии романтикҳои Аврупо ва табиатгароии орифоне шарқӣ дар бисёре аз осори ӯ пайдо аст. Ҳамон тавр, ки баҳрагирӣ аз техникаҳои наққошии модерн дар таквини зеҳну забони модерни ӯ муассир будааст. Дар ҳақиқат метавон гуфт, Сипеҳрӣ шоири оромиши обӣ ва халсаи сабз аст ва дағдағаи дарунии ӯ расидан ба жарфҳои асрори ҷовидонаи ҳастист, аз ин рӯ, ба роҳатӣ аз канори тӯфонҳо ва туғёнҳои бераҳми айнӣ мегузарад. Биҳишти ормонӣ ва мадинаи фозилаи ӯ ҷаҳонест холӣ аз зиштӣ ва саршор аз зебоӣ ва ӯ кӯтоҳтарин роҳи мумкин барои расидан ба ин ормоншаҳр ва мадинаи фозиларо сулуки фардӣ ва инзивои орифона медонад. Ирфони ӯ бар пояи омӯзаҳои Будо, Кришно Муртӣ (орифи муосири ҳиндӣ), Лау Тсе (файласуфи чинӣ) аст, ҳамроҳ бо рагаҳое аз ирфони исломӣ ва эронӣ. Аз ин рӯ дар шеъри Сипеҳрӣ ҷаҳонбинӣ, ҷоӣ идеологияро мегирад ва тааҳҳуд ба зиндагӣ ва зебоиҳо, ба ҷои тааҳҳуди иҷтимоӣ менишинад. Сипеҳрӣ монанди Фурӯғи Фаррухзод дар масири такомулии шакл ва сохтори шеърии худ бо убур аз шеваи нимоӣ ба офоқи фаронимоӣ расид, яъне ба навъе вазни хаёлӣ ҳисси гароид. Фурӯғ дар мавриди шеъри Сипеҳрӣ мегуфт: «Ӯ аз шаҳру замон ва мардуми хосе сухан намегӯяд, ӯ аз инсон ва зиндагӣ ҳарф мезанад ва ба ҳамин далел васеъ аст». Аз як манзури дигар метавон гуфт Сипеҳрӣ шоири дилтангиҳо ва танҳоист ва орифмашрабу табиатгаро, андешаҳои ирфонӣ ӯро чунон ба падидаҳои офариниш фаро мехонад ва дар худ фурӯ мебарад, ки бо он пайваста ва ягонаву дамсоз мешавад ва гӯӣ дар зоти падидаҳо ва аносире ҳал мешавад ва бо онҳо ба ягонагӣ ва иттиҳоди ошиқу маъшуқ мерасад. Тавонмандиҳои дарунмояи шеъри аз вижагиҳои сабки сухани Сипеҳрӣ аст, ки ӯро аз дигар шоирони навпардози имрӯз мутамойиз мекунад ва аз ин рӯ бояд гуфт вай шоирест, ки пас аз фарозу фурудҳои забонӣ ва таъсирпазир аз шоироне ҳамчун Мавлавӣ ва ё муосиронаш ҳамчун Фурӯғ, Таваллулӣ ва ғайра мебошад. Саранҷом, ба забоне зулолу шаффоф ва ҷаззобу ҷолиби дастёфт ва шоире соҳибсабку таъсиргузор шуд ва яке аз қуллаҳои рафеъи шеъри муосири Эрон гашт. Вай дар соли 1980 даргузашт ва мақбарааш дар Кошон ҷойгир аст.

Аз ҷумлаи осори ӯ[вироиш | вироиши манбаъ]

«Марги ранг»,

«Дар канори чаман»,

«Оромгоҳи ишқ»,

Зиндагии хобҳо",

«Овори офтоб»,

«Шарқи андӯҳ»,

«Ҳаҷми сабз»

, «Утоқи обӣ»,

«Ҳашт китоб»

Намунаи ашъор[вироиш | вироиши манбаъ]

Пушти дарёҳо

Қоиқе хоҳам сохт,
Хоҳам андохт ба об.
Дур хоҳам шуд аз ин хоки ғариб,
Ки дар он ҳеч кас нест, ки дар бешаи ишқ
Қаҳрамононро бедор кунад.
Қоиқи аз тӯр тиҳӣ
Ва дил аз орзуи марворид,
Ҳамчунон хоҳам ронд.
На ба обиҳо дил хоҳам баст
На дар ба дарё- париёне. Ки сар аз об бадар меоранд
Ва дар он тобиши танҳоии моҳигирон
Мефишонанд фусун аз сари гесӯҳошон.
Ҳамчунон хоҳам ронд,
Ҳамчунон хоҳам хонд:
Дар бояд шуд, дур,
Марди он шаҳр асотир надошт.
Зани он шаҳр ба саршории як хӯшаи ангур набуд,
Ҳеч оинаи толоре сархушиҳоро такрор накард.
Чола обе ҳатто, машъалеро нанамуд.
Дур бояд шуд, дур.
Шаб сурудашро хонд,
Навбати панҷараҳост.


Ҳамчунон хоҳам ронд,
Ҳамчунон хоҳам хонд:
Пушти дарёҳо шаҳрест
Ки дар он панҷараҳо рӯ ба таҷаллӣ боз аст.
Бомҳо ҷои кабӯтарҳоест, ки ба фаввораи
Ҳуши башари менигаранд.
Дасти ҳар кӯдаки даҳсолаи шаҳр шохаи
Маърифатест.
Мардуми шаҳр ба як чина чунон менигаранд,
Ки ба як шуъла, ба як хоби латиф.
Хок мусиқии эҳсоси туро мешунавад
Ва садои пари мурғони асотир меояд дар бод.
Пушти дарёҳо шаҳрест,
Ки дар он вусъати хуршед ба андозаи чашмони
саҳархезон аст
шоирон вориси обу хираду равшанианд.
Пушти дарёҳо шаҳрест!
Қоиқе бояд сохт.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 Babelio (фр.) — 2007.
  2. 2.0 2.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]

• Алиасғари Шеърдӯст. Шеъри муосири Эрон. Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон. Душанбе — 2012. Саҳ — 163