Jump to content

Табл

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Табл, (аз арабӣ - нақора), сози мусиқии зарбии қадими, ки маъмулан барои сафарҳои ҳарбӣ ва амалиёти размӣ таъйин шудааст. Табл шаклан мудавар буда, чанбарааш аз чӯбест, ки ду тарафи он пӯст кашида шудааст. Дарунаш холист. Қутраш 70-90, бараш 30-40 см. онро бо кӯбакҳои нарм менавозанд. Табл асосан дар асрҳои 12-10 то милод дар мамолики Шарқи Миёнаю Наздик маъмул буд. Таблро Суғдиён бо ресмон ё тасма ба китф овехта ( баъзан ба миён баста) менавохтанд. Азбаски сози мазкур калонҷуссаву дарунхолист, садояш валваладор буд. Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ сухани бисёри пучро ба валвалаи табле, ки дарунаш холист, шабоҳот додааст: Гуфтани бисёр на аз нағзӣ аст, Валвалаи табл зи бемағзӣ аст. Искандари Мақдунӣ табли шарқиро ба қатори созҳои ҳарбӣ дохил карда ва он дар ҳамовозии шайпури юнонӣ навохта мешуд. Баъдтар дар асрҳои аввали милод шакли табл тағйир ёфт. Он нисбат ба табли пешина хурдтар ва дарозрӯятар шуда, ба дуҳули муосири мардуми ҳинду афғон ва эрониву араб монандӣ пайдо кард. Чунин намуди табл дар давраи Сосониён ривоҷ ёфта, одатан онро бештар занон менавохтанд. Дар асрҳои миёна табл дар ду шакл (яке калон дигаре хурдтар) баробар истифода мешуд. Ҳоло табли шаклан такмилёфта дар мусиқии муосир (оркестрҳои симфонии, созҳои халқӣ, эстрадӣ ва ғ) истифода мешавад. Шакли хурдаш (дуҳул) бештар дар Ҳиндустон, Эрон ва Афғонистон маъмул аст.

  • Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик Ҷ.3. - Душанбе,2004
  • Вьзго Т.С. Музыкальные инструменты средней Азии // Исторические очерки.-М, «Музыка», 1980;
  • Петросян А.И Инструментоведение // Узбекские народные инструменты.-Ташкент, 1980.