Таблиғот
Таблиғот (ба форсӣ: تبلیغات) ё Реклама - (аз лотинӣ reclamare — «тасдиқ кардан, фарёд задан, эътироз намудан») — маълумоте, ки бо ҳар гуна усул, ҳар тарз ва бо истифодаи ҳама гуна воситаҳо паҳн мешавад ва ба доираи номуайяни одамон барои ҷалбу нигоҳ доштани таваҷҷуҳ ба маводи рекламашаванда ва пешрафти он дар бозор равона шудааст. Дар китоби Фарҳанги русӣ - тоҷикӣ истилоҳи реклама чунин шарҳ дода шудааст: "таърифи аз ҳад зиёдро реклама мегӯянд". Дар ҳақиқат солҳои охир бо рушд кардани иқтисоди бозоргони реклама воситаи беҳтарини ба мақсад расидани далолон, савдогарон ва корчалонҳо гаштааст. Масалан: таърифҳои бардуруғ ва лофзадани беасос боиси ба савдо рафтани маҳсулоташон мегардад, ки гӯр месузаду дег меҷӯшад. Аз рекламаи ҳозиразамон эҳтиёт бошед.[1]
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
- ↑ ТАДҚИҚОТИ БОЗОРИ ТЕЛЕВИЗИОНИИ ТОҶИКИСТОН. 11 май 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 5 августи 2014.