Тадвини филм

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Монтажи мултимедиавӣ – ин раванди эҷодӣ, техникӣ ва ба низом даровардани тасвиру наворҳо мебошад, ки асосан дар студияҳо, ширкатҳои синамогароӣ ва телевизион васеъ истифода бурда мешавад. Мақсади асосии он таҳияи ягон сужети том мебошад. Онро видеомонтаж гуфтан ба маврид аст, аммо дар бештари маврид онро танҳо монтаж ном мебаранд. Монтаж аз калимаи фаронсавии montage гирифта шудааст. Набудани он дар ҷобаҷогузории навор ва тасвирҳо тасаввурнопазир аст. Лаҳзаи муҳимтарини монтаж ҳамон лаҳзае ба шумор меравад, ки аз наворҳо ва ё овозҳои алоҳидаи гуногун тамоми қисматҳои нолозимаро бурида, тибқи сужет бо ҳам пайваст намоем, зеро дар мавриди дигар тамошобин ё шунаванда ба он диққат намедиҳад, яъне бе монтаж он диққатҷалбкунанда буда наметавонад.

Киносоз Лев Кулешов дар соли 1917 нисбати монтаж чунин навишта буд:

Барои он ки коргардон як сужети муайян ва лоиқи тамошо карданро созад ӯ бояд тамоми қисматҳои хурду алоҳидаи навор гирифташударо тавре, ки кӯдак аз кубикчаҳои ҳарфҳо калима, ибора ё ҷумлаи том месозад, бурида нозукона пайваст намояд.

Ҳамчунин дар бораи монтаж гуфта истода, як чизи дигарро хотирнишон сохтан лозим аст, ки монтажи мултимедиавӣ танҳо аз буридану пайваст кардан иборат набуда, баръакс он ниҳоят кори нозук ва мушкилест, ки ҳатто дар раванди он лозим меояд сужети бутуни як – якунимсоатаро сония ба сония танзим (монтаж) намояд, то воқеан ҳам як чизи тамошобоб омода шавад. Дар танзим ва ҷобаҷогузории кадрҳо саҳми худи муаллиф, коргардон, наворбардор, танзимгар ва танзимгари садо хеле бузург буда, кори якҷояи онҳо аҳамияти аввалиндараҷа дорад.

Яке аз аввалин дастгоҳҳои аудиомонтаж барои киноплёнка — «Мовиола» (1924)

Раванди монтаж[вироиш]

Муаллиф ҳамаи маводи матнии сужетро фароҳам меорад (эҷод мекунад), коргардон бошад, матни муаллифро таҳлил намуда, муайян менамояд, ки кадом қисми матн бояд чӣ гуна навор гирифта шавад. Ақидаҳои худро дар ин бобат бо муаллиф мувофиқа мекунад. Баъди ин коргардон, муаллиф ва наворбардор (бо талаби ҳолат нурафкан) ба ҷойи муайяншуда рафта, лаҳзаҳои муайянкардаи коргардонро навор мегирад. Дар зеҳни муаллиф метавонад зимни наворбардорӣ идеяҳои нав пайдо шавад, ки дар равшаннамоии лаҳзаҳо ва мазмуни лавҳа аҳамияти калон дошта бошад.

Скриншоти равзанаи барномаи монтаж. Дар қисмати поён саҳифаи хулосаҳои монтаж дида мешавад

Инак раванди асосии монтаж оғоз меёбад. Наворбардор наворҳои гирифташударо ба танзимгар медиҳад, аммо кори наворбардор то ба ин ҷо набуда, мумкин аст зимни монтаж баъзе наворҳҳо торик норавшан омадаанд ва моҳияти навор фаҳмида намешавад, бинобар ин ӯ рафта метавонад он лаҳзаҳоро аз сари нав навор гирад. Ҳамин тавр кори танзимгар ва танзимгари садо, ки одатан ҳарду корро як нафар анҷом медиҳад, ҳамроҳи муаллиф, коргардон ва наворбардор пушти мизи танзим нишаста, аз наворҳои кӯчаки наворбардор ва аз мусиқии интихобнамудаи муаллифу коргардон як лавҳаи шоистаи тамошо карданро меофаранд.

Манбаъ[вироиш]

Эзоҳ[вироиш]