Jump to content

Тарҳ (амали риёзӣ)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Тарҳ — амали арифметикист (баръакси ҷамъ).

Агар ҳосили ҷамъ ва яке аз ҷамъшавандаҳо маълум бошад, бо амали тарҳ ҷамъшавандаи дуюмро муайян мекунанд. Ҳосили ҷамъи додашуда камшаванда, ҷамъшавандаи додашуда тарҳшаванда, натиҷаи амал фарқ номида мешавад. Дар соҳаи ададҳои мусбат тарҳ на ҳама вақт имконпазир аст (аз адади хурд адади калонро тарҳ кардан мумкин нест). Ин сабаби дар арифметика расман ҷорӣ намудани мафҳуми ададҳои манфӣ ва сифр гардид.