Татяна Сукова
Татяна Сукова | |
|---|---|
| Таърихи таваллуд | 13 декабри 1889 |
| Зодгоҳ | |
| Таърихи даргузашт | 20 феврали 1968 (78 сол) ё 3 июли 1968 (78 сол) |
| Маҳалли даргузашт | |
| Шаҳрвандӣ | |
| Касб | ҳунарпешаи театр |
| Ҷоизаҳо | |
Сукова Татяна Викторовна (13 декабри 1889, Харков, Украина – 3 июли 1968, Санкт-Петербург) — ҳунарпешаи театр, Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1944).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1924 баъди хатми Омӯзишгоҳи бадеии шаҳри Харков дар Театри драмаи ҳамин ҷо ба фаъолият шурӯъ кард ва то соли 1936 дар саҳнаи он нақшҳои зиёд офарид. Солҳои 1936-1959 актрисаи Театри мазҳакаи ш. Ленинград (ҳоло ш. Санкт-Петербург) буд. Замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо ҳайати ин театр дар пойтахти Тоҷикистон қарор дошт, дар саҳнаи Театри давлатии драмаи русии ба номи В. Маяковский намоишномаҳо, песаҳои якпардагӣ, этюдҳо бештар дар мавзӯъҳои ватандӯстӣ, муборизаи беамон ба муқобили фашистони немис манзури бинандагон гардондаанд. Ҳамзамон ӯ дар таблиғоти зиддифашистӣ тариқи радиои тоҷик саҳм гирифтааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.
- Зодагони 13 декабр
- Зодагони соли 1889
- Зодагони Империяи Русия
- Даргузаштагони 20 феврал
- Даргузаштагони соли 1968
- Даргузаштагони 3 июл
- Даргузаштагон дар Иттиҳоди Шӯравӣ
- Ҳунарпешагони хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон
- Википедия:Саҳифаҳо бо корбурди параметри «ном» дар шаблони «Қуттӣ»
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Ҳунарпешаи театр
- Ҳунарпешаҳои Тоҷикистон
- Ҳунарпешаи Театри давлатии драмаи русии ба номи Владимир Маяковский