Тафсири Сурободӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Тафсири Сурободӣ
Нависанда Абубакр Атиқи Нишопурӣ

Тафсири Сурободӣ (форсӣ: تفسیر سورآبادی‎), «Тафсиру-т-тафосир» (форсӣ: تفسیر التفاسیر‎) — тафсире куҳан аз Қуръони Карим аст, ки тавассути олими аҳли суннат, Абубакр Атиқи Нишопурӣ дар қарни панҷум ба забони форсӣ навишта шудааст[1].

Тафсири Сурободӣ яке аз комилтарин ва қадимитарин тафсирҳои Қуръон аст. Чуноне, ки ишора шуд ин тафсир мутааллиқ ба садаи 5 ҳиҷрӣ ва дорои насри сода ва равон аст. Вуҷуди нусхаҳо ва талхисҳои мутааддид, нишондиҳандаи аҳамияти ин тафсир назди аҳли илми он рӯзгор аст. Гузашта аз он, дар тафсири Сурободӣ, маҷмуае аз луғоту таркиботи форсӣ вуҷуд дорад, ки нависанда дар баробари вожагон ва истилоҳҳои қуръонӣ ибдоъ кардааст.

Вижагиҳои тафсири Сурободӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Ин асар, бар мабнои нусахи хаттии мавҷуд, тафсирӣ бузургест, ки зоҳиран ба ҳафт бахш тақсим шудааст. Тафсир бо ҳамди Худо ва наъти Расули Акрам оғоз мешавад, сипас муқаддимае дар бораи тафсир меояду сабаби форсӣ будани он ва инки муфассир ба ривояти кадом як аз ровион эътимод кардааст, шарҳ дода мешавад, сипас аз сураи Ҳамд то интиҳои сураи Нос тарҷума ва тафсир мешавад.

Сурободӣ дар ибтидои ҳар Сура, унвон ва теъдоди оятҳо ва калимот ва ҳуруфу маҳалли нузул ва фазилати онро оварда ва дар тафсири оятҳо гоҳе тамоми як оятро якҷо ва гоҳ ба сурати ҷузъ ҷузъ, нақлу тарҷума ва тафсир карда ва ба муносибатҳои мухталиф ба ахбору ривоятҳо ва ақволи муфассирон ва ровиёни ашъори арабӣ истинод кардааст.

Ба ҳар тартиб насри форсии тафсири Сурободӣ ва тарҷума ӯ аз Қуръон, аз намунаҳои фасеҳу олии насри форсӣ ва пур аз луғоту истилоҳоти форсии дарӣ аст, ки Сурободӣ барои ибороту таркиботи қуръонӣ баргузидааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. تفسیر سورآبادی‌. دایرة المعارف اسلامی.