Jump to content

Ташбеҳ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ташбеҳ монандкунӣ мебошад. Нависанда барои равшантар тасвир кардани чизе гоҳо онро ба ягон чизи дигар монанд мекунад. Вале дар миёни монандшаванда ва монандкунанда аз рӯйи сифат, хусусият, кирдору атвор бояд як навъ монандии куллӣ мавҷуд бошад. Ташбеҳ дар роҳи барҷаста, равшан ва зебо ифода намудани ягон лавҳаи бадеӣ хидмат мекунад.

« Манам ғуломи Худованди зулфи ғолиягун,
Танам шуда чу сари зулф нотавону нагун.
»

Дар мисраи дуюми ин байт ташбеҳ ҳаст, шоир тани худ, нотавонӣ ва афтодагии онро ба сари зулф монанд кардааст. Дар забони тоҷикӣ ёридиҳандаи монандӣ инҳоянд: чун, ҳамчун, мисли, монанди, монанди он ки, чунон ки, гӯё, гӯиё, пиндорӣ ва пасояндҳои -осо, -сон, -ваш, -вор, барин ва ғ.

« Домани гулистонаш то маро ба чанг омад,
Пираҳан бар аъзояш ҳамчу ғунча танг омад.
»

Зеҳнӣ Т.Санъатҳои бадеӣ дар шеъри тоҷикӣ.-Душанбе:Нашрдавтоҷ,1960.- с.47-49