Jump to content

Таърихи Систон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Таърихи Систон
Забони навиштаҷот ё осор/асар форсӣ

«Таърихи Систон» (форсӣ: تاریخ سیستان‎) — китобест, ки дар ҳудуди солҳои 1054—1325 ба забони форсӣ таълиф шудааст.

Муаллифаш маълум нест, танҳо аз рӯи сабки иншои китоб чунин бармеояд, ки онро ду ё се нафар бо навбат навшитаанд, зеро услуби навиштаи ибтидои китоб ва қисми охири он ба куллӣ фарқ мекунад. Ба гуфтаи Маликушшуарои Баҳор таълифи ин китоб бори аввал дар замони Яъқуб ибни Лайс, бори дигар дар замони Туғрулбеки Салчуқӣ (асри 11) ва бори сеюм дар ҳудуди солҳои 1324—25 сурат гирифтааст. Таърихи мухтасари Систон то истилои араб, мавқеи ҷуғрофии ҳодисаю воқеаҳое, ки ба ин мулк вобаста аст, мазмуни асосии ин асарро ташкил медиҳанд. Дар «Таърихи Систон» дар хусуси бунёди ин мулк, ободонии он, номҳо ва ҳудуди деҳаҳои тобеи он, доир ба ҳаёти шахсони бузурги ин сарзамин ва пайғамбарон маълумот дода шудааст.

Дар «Таърихи Систон» китобҳои таърихию адабӣ ва муаллифони онҳо: «Шоҳнома» ва «Китоби аҷоиби барру баҳри Абулмуайяди Балхӣ, «Фазоили Сиҷистон»-и Ҳилоли Юсуф, «Ахбори Систон» ва «Китоби анбиё»-и Алӣ ибни Муҳаммади Табарӣ, «Китоб-ут-таърих»-и Муҳаммад ибни Мӯсои Хоразмӣ ва ғайра номбар шудаанд.

Забон ва услуби асар бисёр соддаю равон буда, намунаи хуби насри асрҳои 11—12 мебошад. «Таърихи Систон» барои омӯзиши ҳаёти гузаштаи адабӣ ва сиёсии халқҳои форсу тоҷик сарчашмаи муътабар аст. Ашъори бисёр классикон, мисли Рӯдакию Дақиқӣ ба туфайли ҳамин асар то замони мо боқӣ мондааст.

«Таърихи Систон» солҳои 1935 ва 1960 дар Теҳрон нашр ва ба забони русӣ тарҷума шудааст.