Таърихи Табаристон
Зоҳир
«Таърихи Табаристон» (форсӣ: تاریخ طبرستان) — асари муаррих ва адиб Ибни Исфандиёр аст, ки таърихи Табаристонро аз давраҳои қадим то асри 13 дар бар мегирад.
Китоб соли 1217 ба забони форсӣ таълиф шудааст. «Таърихи Табаристон» аз 4 боб (қисмат) иборат аст. Боби 1 таърихи Табаристон, боби 2-юм таърихи Оли Буя, боби 3 сулолаҳои Ғазнавиёну Салҷуқиён, боби 4 таърихи Бовандиҳоро дар бар мегирад. Муаллиф аз сарчашмаҳои мухталифи таърихию адабӣ васеъ истифода намудааст. «Таърихи Табаристон» барои омӯхтани воқеаҳои таърихию адабии асрҳои 12—13 сарчашмаи муътабар аст.
Китоб соли 1941 дар Теҳрон чоп ва баъзе бобҳояш ба забонҳои фаронсавӣ (соли 1894) ва инглисӣ (соли 1905) тарҷума шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.