Тақиуддин Муҳаммад Авҳадӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Тақиуддин
Тақиуддин Муҳаммад Авҳадӣ
Номи пурра Тақиуддин Муҳаммад Авҳадӣ
Таърихи таваллуд: 1565(1565)
Зодгоҳ: Авҳад
Навъи фаъолият: тазкиранавис

Тақиуддин Муҳаммад Авҳадӣ ибни Муинуддин Саъдуддини Дақоиқии Исфаҳонӣ (таваллуд 1565 – соли вафот номаълум) — шоир ва тазкиранависи эронӣ.

Зиндагинома[вироиш]

Шахси таҳсилдида, бохабар аз улуми мутадовилаи давр, инчунин аз мантиқу риёзиёт будааст. Ба шеъргӯӣ аз 16-солагӣ оғоз кард. Дар синни 20-солагӣ ба хидмати шоҳони сафавӣ дохил шуд. Пас аз муддате хидмати дарборро тарк кард ва ба Ҳиндустон рафт. То охири умр дар он ҷо монд.

Фаъолияти эъҷодӣ[вироиш]

Асари машҳури Авҳадӣ тазкираи умумии «Арафот-ул-ошиқин ва арасот-ул-орифин» (хулосааш бо номи «Каъбаи арафот» тадвин шудааст) мебошад. Аз Авҳадӣ инчунин девонҳои ашъор бо номҳои «Табсарат-ул-орифин», «Тазкират-ул-ошиқин», маҷмӯаҳои «Муқатаот ва мутоиботу аҳоҷӣ», «Умеди обод» (дар ҷавоби ашъори Умедӣ), «Одамият», маҷмӯаҳои ғазалиёт ба унвони «Баҳроми Достон», «Қанди муқаррар», «Ҷавоҳири завоҳир», «Дурари ғурар», маснавиҳои «Яъқуб ва Юсуф», «Каъбаи дидор», «Сафинат-ус-сакина», «Лавҳи маҳфуз», «Қалами қудрат» боқӣ мондаанд. Авҳадӣ китобу рисолаҳои мансур низ дорад: «Сурмаи сулаймонӣ», «Кофият-ул-қофия», «Мифтоҳи мафотеҳ», «Айния», «Ҷафри Авҳад» ва ғайра Авҳадӣ девони чанде аз шоирон, аз ҷумла Ваҳшии Бофқиро мураттаб кардааст.

Намунаҳо аз ашъори Авҳадӣ: Ҷони ман, чун чашми худ бар қалби дилҳо рӯ манеҳ, Ноз бар тоқи баланди фитна чун абрӯ манеҳ…

  • * *

Бас об кунад ҳусни ту рухсори суханро, Барбод диҳад зулфи ту номуси чаманро. Кӯтаҳ набувад чун зи лабат дасти умедам, К-аз тангии ҷо роҳ дар ӯ нест суханро.

Адабиёт[вироиш]

Аҳмад Гулчини Маонӣ, Таърихи тазкираҳои форсӣ, ҷ. 2, Т., 1350 ҳ. ш.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]