Jump to content

Тезгӯяк

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Тезгӯяк — Тезгӯяк як навъ жанри хурди фолклори тоҷик аст, ки асосан аз як ҷумла иборат буда, овозҳои таркиби калимаҳои он ба ҳамдигар монанд ва қисман ҳаммахраҷ мебошанд, ки ба шахси талаффузкунанда мушкилӣ меорад. Масалан, «шасту шаш асп аз ман аст». Ё худ: «ёли аспам лойолуд».[1] Тезгӯякҳо мазмуну маънои одӣ дошта, асосан аз тарафи волидайн, бобову бибӣ ва дигар наздикон барои кӯдакони хурдсол, сар карда аз тифле, ки акнун забон ба гуфтор мекушояд, то бачагони 7-8 сола эҷод ва омӯзонида мешавад. Баъзе тезгӯякҳо маънои мушаххас надоранд ва танҳо аз ҳамнишинии овозҳои шабеҳ иборатанд. Чунончи, «Чалпак, чалабу чалаб, лабу лаб чалачалпак». Гӯянда бояд калимаҳои тезгӯякро буррою фаҳмо ва бидуни шикаст талаффуз кунад, дар сурати иштибоҳ ӯ мавриди тамасхури атрофиён мегардад. Тезгӯякҳо нутқи атфолро буррову равон карда, қувваи зеҳн ва хотираро қавӣ месозанд. Дар байни бачагон дар мавриди дурусту бехато талаффуз кардани тезгӯякҳо озмуну мусобиқаҳо барпо мегарданд.

Намунаҳо:

Болохона, тагхона.
Ангур хӯрдем дона-дона,
Ангури мо шириндона.

Дар боғи мо як тутча,
Ин тутча читу тутча?

Ин чӣ дастамбӯ,
кӣ дастам бӯ зи дастамбӯ гирифт?

Дар дасти оча бача,
Дар дасти бача кулча.

Шасту шаш шиша доштам,
Шаст-то шишааш шикаст.

[2]

  1. Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳангии ғайримодӣ./ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ - Душанбе: "Ирфон", 2014, - С. 64
  2. Мероси фарҳанги ғайримодӣ дар Тоҷикистон / Мураттиб: Д. Раҳимов; муҳаррир Ш.Комилзода. – Душанбе: Эр-Граф, 2017. – С. 22. – 280 с.