Jump to content

Телемеханика

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Телемеханика (аз теле… ва …механика), — як соҳаи илму техникаи ирсолу қабули иттилоот (сигнал)-и идора ва назорати фосилавиро меомӯзад.

Телемеханика аз дигар соҳаҳои илм ва техника (телефония, телеграфия, телевизион ва ғайра), ки услуб ва амалҳои ба масофа ирсол намудани информацияро дар бар мегиранд, бо чунин хосиятҳояш фарқ мекунад: ирсоли маълумоти хеле суст тағйирёбанда, зарурияти ирсоли саҳеҳтари бузургиҳои ченшаванда (то 0,1%), ирсоли боэътимоди амрҳои идора (эҳтимолияти пайдоиши амри хато бояд аз 10-6-10-10–10 калон набошад); зудкорӣ, савияи баланди автоматонии процессҳои гирдоварӣ ва истифодаи информация; мутамарказии коркарди информация.

Системаҳои телемеханика дар саноати атом, баъзе корконаҳои саноати химия ва идораи объектҳои кайҳонӣ (ракета, луноход ва ғайра) истифода мешаванд. Одатан, тавассути телемеханика агрегатҳо, мошинҳо, дастгоҳҳо ва дигар объектҳоеро, ки аз якдигар дар масофаи дур ҷой мегиранд (масалан, водопровод, газопровод, нефтепровод, системаҳои энергетикӣ, нақлиёти роҳи оҳан, стансияҳои метеорологӣ) аз пунктҳои идора (ПИ) ё пункти диспетчерӣ (ПД) идора ва назорат менамоянд. Масофаи байни пункти назоратӣ ва ПИ аз даҳҳо м(масалан, идораи крани бинокорӣ) то садҳо ҳазор км (масалан, идораи станцияи автоматии байнисайёравӣ) мешавад. Барои интиқоли сигнали телемеханика хатҳои алоқа (симин ва кабелӣ), радиоканалҳо, каналҳои оптикӣ, гидравликӣ ва акустикӣ ва хатҳои электр истифода мешаванд. Маҷмӯи олотҳоеро, кн тавассути онҳо одам объектро идора ва назорат мекунад, системаи телемеханики (СТМ) меноманд. СТМ-е, ки фақат барои идора ё назорати объект истифода мешавад, мувофиқан телеидора (ТИ) ё теленазорат (ТИ) ном дорад.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Истилоҳи телемеханикаро олими франсавӣ Э. Бранли соли 1905 пешниҳод. Аввалҳо бо радио идора намудани объектҳои сайёри ҳарбиро телемеханика номиданд. Солҳои 20 садаи XX телемеханика бори аввал бо мақсадҳои осоишта дар нақлиёти роҳи оҳан истифода гардид. Соли 1930 дар ИҶШС нахустин дар ҷаҳон радиозонде сар дода шуд, ки бо олатҳои телеандозагирӣ ҷиҳозонида шуда буд. Истеҳсоли воситаҳои телемеханика бори аавал соли 1950 дар заводи «Электропулт» ба роҳ монда шуд. Солҳои 1965—56 дар ИҶШС нахустин системаи электронии телеандозагирӣ таҳия шуд.

Телемеханика дар тадқиқоти кайҳон роли калон мебозад. Ба воситаҳои телемеханика объектҳои кайҳонӣ (радифҳои маснӯи Замин, стансияи автоматии байнисайёравӣ, аппаратҳои париши кайҳонӣ ва ғайра аз Замин идора мешаванд. ТИ ва телеандозагирӣ, ки дар авиация, техникаи ракетӣ ва киштиҳои кайҳонӣ истифода мешаванд, радиоидора ва радиотелеметрия ном гирифтаанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]