Термоизолясия

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Термоизоляcия — бо мақсади талаф нашудани гарми изолясия намудани биноҳо, дастгоҳҳои саноатӣ (ё қисмҳои алоҳидаи онҳо), камераҳои сардонӣ, трубопроводҳо ва ғайраро гӯянд.

Термоизолясияро дар сохтмон ва энергетикаи гармӣ барои ба ҳадди ақал овардани талафи гармӣ, дар техникаи сардонӣ ва криогонӣ барои аз таъсири ҳарорати беруна эмин доштани асбобу афзор истифода мебаранд. Муқовимати термия гармигузаронии муҳити байни ду минтақаро зиёд намуда, термоизолясияро молик мешаванд, Барои ин аз масолеҳҳои гарминогузар иҳотагирҳои махсус (дар намуди қабатҳои пардагӣ, рӯйпӯшҳо ва ғайра) месозанд. Аксаран коострукцияҳои иҳотагирро низ термоизолясия меноманд.

Ба туфайли термоизолясия талафи гармӣ кам мешавад, шароитҳои санитарию гигиени сатҳҳои дохилӣ беҳтар мегарданд. Дар фаслҳои хунуки сол барои гарм кардани бино энергия кам сарф мешавад ва ғайра. Дар фаслҳои гарми сол бошад, термоизолясия дохили биноро аз гармӣ муҳофизат мекунад ва бар тағйири фаврии ҳарорат, ки он аз таъсири радиасияи Офтоб ва тағйири шабонарӯзии ҳавои беруни бино ба амал меояд, монеъ мегардад. Дар мавриди яку якбора тағйир ёфтани ҳарорат (дар дегҳои буғ, мошинҳои буғӣ, ғулбаҳои буғгузар, дастгоҳҳои қуввагии ҳароратӣ ва ғайра) барои саришта намудани ҳарорат термоизолясия мавқеи муҳим дорад. Дар таҷҳизоти техиологи термоизолясия ғайр аз ихтисори талафоти гармӣ, инчунин реҷаи ҳароратии додашударо таъмин мепамояд, ба афзоиши иқтидори ҳароратии кӯраҳои саноатӣ мусоидат мекунад, дар камераҳои сардонӣ нигаҳ доштани ҳарорати пастро имкон медиҳад ва ғайра. Самаранокии термоизолясия ба усулҳои нақли гарми, ғафсӣ ва таркиби иҳотагир вобасти аст. Термоизолясияи конструкцияҳо қабатҳои асосии термоизоляционӣ, конструктивӣ ва химиявиро дар бар мегирад. Дар баъзе мавридҳо ба таркиби термоизолясия қабати ҳаворо ҳам дохил мекунанд.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]

Энсиклопедияи Советии Тоҷик Мақола дар асоси маводи Энсиклопедияи Советии Тоҷик навишта шудааст.