Муҳандисии эминӣ
Зоҳир
(Тағйири масир аз Техникаи бехатарӣ)
Муҳандисии эминӣ (англ. Safety engineering) ё техникаи бехатарӣ (русӣ: Техника безопасности) — системаи чорабиниҳои ташкилию техникиест барои аз таъсири муҳити хатарнок эмин доштани коргарон. Чорабиниҳо ва воситаҳои техникаи бехатарӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои техникию меъёрии тасдиқшуда ба амал бароварда мешаванд.
Қоидаву қонунҳои чорабиниҳои техникии техникаи бехатарӣ аз рӯи нормаҳои гуногуни техникӣ муайян мешаванд.
Дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ системаи стандартҳои бехатарии меҳнат амал мекард. Дар дар кишварҳои капиталистӣ қоидаҳои техникаи бехатарӣ асосан дар доираи ширкат ва ё соҳаи муайяни кор маҳдуд буда, аз тарафи давлат назорат намешавад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.