Теҳронҷелес
Теҳронҷелес - номи ғайрирасмии яке аз маҳаллаҳои бузурги эронинишини калони шаҳри Лос Анҷелес аст. ин маҳалларо "Эрони кучак" низ мехонанд.
Номи расмии ин ноҳия Вествуд (Westwood) мебошад. Ноҳияи машҳури Беверли Ҳилз (Beverly Hills) низ ғолибан ҷузъи Теҳронҷелес маҳсуб мешавад.
Тибқи гузоришҳои Радиои Миллии Амрико (NPR), то 20 дар сад ҷамъияти кулли Беверли Ҳилзро муқимони эронӣ ташкил медиҳанд[1]. Коди телефони ин минтақа 310 мебошад, ки бо пеш шумораи 4 он мухатаси ин минтақа аст. Коди почтаи ин минтақа 90210 ва 90211 аст.
Пешина
[вироиш | вироиши манбаъ]Ин истилоҳ ба киноя дар мавриди худ Лос Анҷелес ба далели ҳузури бисёри эрониҳо низ ба кор меравад ва ба хусус пас аз воқеаи инқилоби соли 1979, ва мавҷи муҳоҷирини эронӣ ба ин навоҳӣ шева пайдо кард.
Хоҳархондагӣ дар шаҳри Теҳрон ва Лос Анҷелес
[вироиш | вироиши манбаъ]Лозим ба ёдоварист, ки соли 1350 хуршедӣ ва пеш аз инқилоби соли 1979, ду шаҳр Теҳрон ва Лос Анҷелес шаҳрҳои хоҳархонда эълом шуда буданд.
Манобеъ
[вироиш | вироиши манбаъ]<references>
- ↑ http://www.npr.org/templates/story/story.php?storyId=5459468 Living in Tehrangeles: L.A.'s Iranian Community : NPR