Тирандозӣ дар гимназияи № 175, Қазон (2021)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Тирандозӣ дар гимназияи № 175, Қазон
тоторӣ: Илназ Ринат улы Галәвиев
Нигора
Penalty life imprisonment[d]
Кишвар
Макони кунунӣ
Замони вуқуъ 11 май 2021
Таслиҳот semi-automatic shotgun[d] ва improvised explosive device[d]
Шумори захмиҳо 23[1]
Шумори ҷонбохтагон
Шумори гунаҳкорон 1
Аҳдоф Gymnasium 175, Qazan[d]
Муҳоҷим Илноз Галявиев[d]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Тирандозӣ дар гимназияи № 175 шаҳри Қазон — куштори ҷамъӣ дар 11 майи соли 2021, ки дар натиҷаи он 9 кас кушта[3], 32 кас захмӣ[4] шуданд. Муҳоҷим боздошт шуд.

Рафти ҳодиса[вироиш | вироиши манбаъ]

Тақрибан соати 10-и рӯзи 11 май дар бораи тирандозӣ дар мактаби рақами 175 дар шаҳри Қазон гузоришҳо пахш шуданд[5]. Тибқи иттилои як манбаъи ТАСС, тирандозӣ соати 9:20 дақиқа оғоз ёфта, соати 9:25 аз тугмаи хатар сигнал гирифта шудааст. Мактабе, ки ба он ҳамла шудааст беш аз 700 донишомӯз ва 70 нафар корманди идорӣ ва омӯзгор дорад. Дар мактаб таркиш низ шунида шуд[6]. Кормандони Гвардияи миллӣ ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, хонандагон ва кормандони мактабҳоро ба ҷои амн кӯчонданд[7].

Тақрибан соати 11 Президенти Ҷумҳурии Тотористон ба мактаб омад[7].

Соати 11 хадамоти матбуоти ВКД Русия аз боздошти ҳамлагар ва ҷорӣ намудани амалиёти зиддитеррористӣ хабар дод[8][9].

Бо моддаи 105 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия, қисми 2 (Куштори ду ва ё зиёда ашхос ба тариқи умум хатарнок) парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шудааст[10].

12 май ба ёди қурбониёни ҳамлаи террористӣ рӯзи мотам эълон шуд[11].

Шахсияти гумонбаршуда[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҷинояткори мусаллаҳ, ки ба мактаб ҳамла кард, боздошт шуд[12][13] расонаҳо хабар доданд, ки гумонбаршуда ин мактабро соли 2018 хатм карда, пас аз он дар коллеҷ таҳсил кардааст[14]. Президенти Тотористон Рустам Миннихонов гуфт, ки ҷинояткор 19-сола буд ва силоҳро расман ба қайд гирифтааст[15]. А. Хинштейн гуфт, ки гумонбаршуда барои нигоҳ доштани силоҳ таърихи 28 апрел, 13 рӯз пеш аз ҳамла иҷозат гирифтааст.

Гузоришҳо дар бораи раҳо кардани гумонбари дувум мунташир шуд[16], аммо Вазорати корҳои дохилии Тотористон ҳузури шарикон дар ҳамлагарро рад кард[17].

Куштаҳо ва захмиён[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар аввал дар бораи 8 кушта[7][18] (7 хонандаи мактаб[19], як омӯзгор) хабар доданд, баъдтар шумораи кушташудагон то 9 нафар расид.

То 11 май 3 калонсол ва 18 кӯдак дар бемористон бистарӣ шуданд, ки аз онҳо 6 захмӣ дар ҳолати вазнин дар эҳё қарор доранд[7][20][21].

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. https://tass.ru/proisshestviya/11349009
  2. https://tass.ru/proisshestviya/11343113
  3. Число погибших в результате стрельбы в школе в Казани возросло до девяти. tass.ru (2021-05-11 15:10). 11 май 2021 санҷида шуд.
  4. В результате стрельбы в школе в Казани пострадали 32 человека, ТАСС (2021-05-11 11:07). Проверено 11 май 2021.
  5. Ученик устроил стрельбу в казанской школе, Интерфакс, 11 мая 2021 10:04
  6. Очевидец сообщил о взрыве перед нападением на школу в Казани. ТАСС (11 май 2021). 11 май 2021 санҷида шуд.; Стрельба в казанской школе. ОНЛАЙН(рус.). Газета.Ru (11 май 2021). 11 май 2021 санҷида шуд.
  7. 7.0 7.1 7.2 7.3 При нападении на школу в Казани погибли восемь человек. Онлайн-трансляция “Ъ”. Коммерсантъ (11 май 2021). 11 май 2021 санҷида шуд.
  8. Официальная информация. МВД России (2021-05-11 11:00). 11 май 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 май 2021.
  9. В Казани введен режим контртеррористической операции(рус.). Interfax.ru (2021-05-11 11:15). 11 май 2021 санҷида шуд.
  10. Александр Бастрыкин поручил передать в центральный аппарат уголовное дело о нападении на школу в Казани, в результате которого погибли люди. Следственный комитет Российской Федерации (2021-05-11 12:06). 11 май 2021 санҷида шуд. ()
  11. В Татарстане 12 мая объявлен днем траура — Реальное время(рус.). realnoevremya.ru (11:51, 11.05.2021). 11 май 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 май 2021.
  12. В МВД подтвердили задержание одного из напавших на школу в Казани. ТАСС (2021-05-11 11:17). 11 май 2021 санҷида шуд.
  13. В МВД подтвердили задержание террориста, напавшего на гимназию в Казани(рус.). Российская газета (11.05.2021 11:33). 11 май 2021 санҷида шуд.
  14. Что известно о казанском стрелке — «Коммерсантъ» от 11.05.2021, 12:46
  15. Глава Татарстана рассказал, что известно о нападавшем на школу Казани(рус.). Российская газета (2021-05-11 11:24). 11 май 2021 санҷида шуд.
  16. Второго участника нападения на школу в Казани ликвидировали. tass.ru (2021-05-11 11:11). 11 май 2021 санҷида шуд.
  17. МВД: пособников у напавших на школу в Казани не было — Газета.ру, 11.05.2021 11:52; E1
  18. Власти Татарстана сообщили о восьми погибших при стрельбе в казанской школе. tass.ru (2021-05-11 11:36). 11 май 2021 санҷида шуд.
  19. Глава Татарстана прокомментировал ситуацию после стрельбы в школе(рус.). РИА Новости (20210511T1112). 11 май 2021 санҷида шуд.
  20. Шесть детей, пострадавших при стрельбе в школе в Казани, находятся в реанимации. tass.ru (2021-05-11 11:45). 11 май 2021 санҷида шуд.
  21. Шесть раненых при стрельбе в школе в Казани детей находятся в крайне тяжелом состоянии. tass.ru (2021-05-11 12:13). 11 май 2021 санҷида шуд.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]