Jump to content

Тоҷӣ Султонова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Тоҷӣ Султонова
Таърихи таваллуд: 9 феврал 1918(1918-02-09)
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 2010
Касб: ҳунарпеша, ҳунарпешаи театр
Ҷоизаҳо:
Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон

Тоҷӣ Султонова (Тоҷинисо Султонова; 9 феврал 1918, Хуҷанд, генерал-губернатории Туркистон2010) — ҳунарпешаи тоҷик, Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1943).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Солҳои 1929—1933 дарОмӯзишгоҳи фабрикию заводии назди Комбинати абрешими Хуҷанд таҳсил намуда, баробари он ҳамчун пиллакаш кор кардааст ва дар маҳфили ҳаваскорони санъати назди комбинат иштирок намудааст. Соли 1934 ба Театри драмаи мусиқии ба номи А. С. Пушкини Ленинобод даъват шуд. Аз ҳамон вақт сар карда, то ба нафақа баромадан (1976) дар театри мазкур кор мекард.

Султонова образҳои барҷастаю фаромӯшнашавандаи зиёдеро аз осори драматургияи классикии рус, советӣ, советии тоҷик ва хориҷӣ офаридааст. Нақшҳои намоёнаш Екатерина («Раъду барқ»-и Л. Н. Островский), Ширин («Фарҳод ва Ширин»-и К. Яшин), Лайлӣ («Лайлӣ ва Маҷнун» и Ш. Хуршед), Гулнара («Гулсара»-и К. Яшин ва М. Муҳаммадов), Маҳинбону («Қиссаи ишқ»-и Н. Ҳикмат) ва ғайра. Ҳамчун раққоса ва сароянда низ шуҳрат дошт.

Ордену ҷоизаҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо ордени «Нишони Фаҳрӣ», медалҳо ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

  • Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Иборат аз се ҷилд. Ҷилди 2. — Душанбе, 1990