Тубо Бюйюкюстюн

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Тубо Бюйюкюстюн
тур. Tuba Büyüküstün
Tuba Büyüküstün.jpg
Ном ба ҳангоми таваллуд: Hatice Tuba Büyüküstün
Санаи таваллуд: 5 июл 1982(1982-07-05) (38 сол)
Зодгоҳ: Истанбул, Туркия
Шаҳрвандӣ:  Туркия
Касб: ҳунарпеша
мудел
Карера: 2003-то ҳол
Самт: телевизион, синамо, театр
Мукофотҳо:
IMDb: ID 1735048
tubabuyukustun.com.tr(тур.)
Commons-logo.svg Тубо Бюйюкюстюн дар Викианбор

Хатича Тубо Бюйюкюстюн (тур. Hatice Tuba Büyüküstün; тав. 5 июли соли 1982, Истанбул, Туркия) — ҳунарпешаи телевизион театр синамо ва мудели турк.

Зиндагинома[вироиш]

Туба 5 июли соли 1982 дар Истамбул таваллуд шудааст. Мактаби миёнаи Доғусро хатм карда, пас аз он Донишгоҳи санъати тасвирии Мимар Синанро бо ихтисоси тарроҳӣ костюм хатм кардааст[1].

Фаъолият дар синамо[вироиш]

Ҳангоми таҳсил дар донишгоҳ, Тубо фаъолияташро дар таблиғотҳои брендҳои маъруф, ба монанди Pantene, Maximum Cart, Kremini, Molped ҳамчун мудел оғоз намудааст. Дере нагузашта вай аз ҷониби дастаи коргардони машҳур Томрис Гиритлиоғлу мушоҳида шудааст. Нахустнамоиши ӯ дар силсилафилми "Sultan Makamı" баргузор шуд. Пас аз он нақш дар силсилафилми телевизионии "Çemberimde Gül Oya", ва филмҳои "Гулизор", "Падарам ва писарам" ва "Aşk Yolu" ҳунарнамоӣ намудааст. Лаҳзаҳои беҳтарини Тубо пас аз пахши силсилафилми "Ihlamurlar Altında" дар соли 2005 рост омад, ки вай нақши асосиро дар як ҷуфт бо Булент Инал бозидааст. Нақши навбатии ӯ силсилафилми "Осӣ" буд, ки солҳои 2007-2009 пахш шудааст. Дар ин силсилафилм Тубо боз нақши асосиро бозид, ҳунарпешаи машҳур Мурод Йилдирим шарики ӯ шуд. Ва соли 2010 Тубо дар симои лӯлӣ Ҳасрат дар силсилафилми телевизионии Gönülçelen зоҳир шуд. Худи ҳамон сол, ӯ дар филми "Аз дили худ бипурс" (Yüreğine Sor), нақши Эсморо бозидааст. Аз соли 2014 то 2015 дар силсилафилми "Kara Para Aşk" нақш офаридааст ва аз 21-у и майи соли 2014 ӯро сафири Миллӣ ЮНИСЕФ барои ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон дар саросари ҷаҳон аз ҷониби ЮНИСЕФ Туркия таъин шудааст. Моҳи июли соли 2015 Тубо дар филми кӯтоҳи "Rüzgarin Hatiralari" нақш офарид. Моҳи сентябри ҳамон сол Тубо боз дар ду филми дигар нақш офарид: "Orman" ба ҳайси Зайнаб ва "Dar Elbise" дар нақши Ҳелин. Моҳи апрели соли 2016 Тубо дар филми Истанбули Сурх нақш бозидааст. Ва дар моҳи июл ӯ дар филми кӯтоҳи "Daha Fazla" нақш бозидааст. Аз моҳи августи соли 2016 то июни соли 2017 Туба дар силсилафилми "Ҷасур ва Гузел" (Cesur ve Güzel) нақш офарид, ки дар он шарикаш Киванч Татлитуғ буд.

Ҳаёти шахсӣ[вироиш]

Соли 2005, Тубо бо Булент Инал, шарика дар силсилафилми Ihlamurlar Altında робита оғоз намудааст, аммо соли 2007 ин ҷуфт аз ҳам ҷудо шуданд. Ҳангоми наворгирии Осӣ, ӯ бо коргардон-оператор Самӣ Сайдан вохӯрдааст. Аз соли 2008, ҷуфт мулоқот оғоз, намудааст ва соли 2010 онҳо муносибати худро қатъ карданд. 28 июли соли 2011 дар Париж, Туба бо актёр Онур Сайлак издивоҷ кард[2]. Муносибати ошиқонаи онҳо дар майдони банаворгирии силсилафилми «Gönülçelen» оғоз ёфт. 19 январи соли 2012, Тубо дугоник таваллуд кард - Майя ва Топрак[3]. 5 июни соли 2017 Тубо ва Онур аз ҳам ҷудо шуданд.

Филмнома[вироиш]

Филмҳо
Сол Номгӯй Нақш
2005 Babam ve Oğlum Айсун
2006 Sınav Зайнаб Эрез
2010 Yüreğine Sor Эсма
2015 Orman Зайнаб
2015 Rüzgarın Hatıraları Зепур
2015 Dar Elbise Ҳелин
2016 İstanbul Kırmızısı Невал
Филмҳои телевизионӣ
Сол Номгӯй Нақш
2004 Gülizar Гулизор
2005 Aşk Yolu Дениз
Силсилафилм
Сол Номгӯй Нақш
2003 Sultan Makamı Насрин
2004 Çemberimde Gül Oya Зарифа
2005–2007 Ihlamurlar Altında Филиз Текинер
2007–2009 Осӣ Осия "Осӣ" Козҷиоғлу
2009 Beni w Benak Худаш (меҳмон)
2010–2011 Gönülçelen Ҳасрат
2013 20 дақиқа Мелек Ҳалескер
2014–2015 Kara Para Aşk Элиф Денизер
2016–2017 Ҷасур ва Гузел Суҳан Корлудоғ
2020 Rise of Empires: Ottoman Мара Бранкович
2020 Menajerimi Ara Худаш
Таблиғот
Сол Бренд Шарҳҳо
2000 Colin's Таблиғи телевизионӣ (АврупоТуркия)
2001 Kremini Таблиғи телевизионӣ (Туркия)
2002 Molped
2007–2013 Pantene
2008 Атрҳои Lamees ва Mohannad Таблиғи телевизионӣ (Ховари Миёна) (бо Киванч Татлитуғ)
2010 Maximum Card Таблиғи телевизионӣ (Туркия)
2010–2014 Pantene Таблиғи телевизионӣ (Ховари Миёна)
2012–2013 Таблиғи телевизионӣ (Озарбойҷон)
2014–2015 Molfix Таблиғи телевизионӣ (Ховари Миёна)


Ҷоизаҳо[вироиш]

Сол Мукофот Категория Кор
2005 Sırbistan Karadağ Cumhuriyeti Uluslararası TV Festival Bar Беҳтарин ҳунарпеша Гулизор
2007 İstanbul Üniversitesi Bilişim Ödülleri Беҳтарин ҳунарпешаи силсилафилм Ihlamurlar Altında
2008 İstanbul Üniversitesi Bilgisayar Kulübü Ödülleri Беҳтарин ҳунарпешаи силсилафилм Осӣ
2010 Marmara Üniversitesi Matematik Kulübü Başarı Ödülleri Ҳунарпешаи муваффақтарини силсилафилм Yüreğine Sor
2010 Radyo Televizyon Gazetecileri Derneği Medya Oscarları Ҳунарпешаи сол Gönülçelen
2010 Siyaset Dergisi Yılın En İyileri Ödülleri Ҳунарпешаи телевизионии сол Gönülçelen
2011 Elle Style Awards Türkiye Ҳунарпешаи фасон Elle Style
2013 KARVAK Yılın En İyileri Ödüller Беҳтарин ҳунарпешаи сол 20 дақиқа
2013 TelevizyonDizisi.com En İyiler Ödülleri Беҳтарин ҳунарпеша 20 дақиқа
2014 TelevizyonDizisi.com En İyiler Ödülleri Беҳтарин ҳунарпеша Kara Para Aşk


Нигаред низ[вироиш]

Феҳристи ҳунарпешазанҳои Туркия

Эзоҳ[вироиш]

Пайвандҳо[вироиш]