Jump to content

Туҳфаи дӯстон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Тӯҳфаи дӯстон)

Туҳфаи дӯстон — асари ахлоқию тарбиявиии Шоҳин, ки онро дар пайравии «Бустон»-и Саъдии Шерозӣ иншо намудааст.

Хануз барвакттар нақшаи асарро тартиб дода буд. «Тухфаи дӯстон» бояд чун асари Саъди аз 10 боб иборат мешуд. Аммо бо сабабҳои зиёди зиндагӣ имконият наёфт, ки маснавиро ба охир расонад. Аз ин 10 боби мукарраршуда, танхо боби нухумаш ба боби нухуми «Бустон» мувофик намеояд. Масалан, дар Саъди боби нухум дар тавба бошад, дар Шохин боби нухум ба сабр бояд бахшида мешуд.

Тухфаи дӯстон асари манзумест, ки Шохин онро мехост дар бораи ахлоқи хамидаи инсони ва сиёсати мамлакатдори таълиф кунад. Аммо ин асар нотамом мондааст. Ба назар мерасад, ки Шохин ҳанӯз асарашро тамом накарда мефаҳмад, ки вазъи мамлакату чамъиятро бо воситаи панду насихат ислох кардан мумкин нест, бинобар ин, асарашро ба охир намерасонад. Шохин танхо мукаддима ва як фасли боби аввали Тухфаи дӯстон-ро навишта тавонисту бас. Аз мазмуни ин фасл бармеояд, ки Шохин баробари ба дарбор наздик шудан, ахлоқу вазъияти амиру одамони вайро фаҳмида, ҷаҳонбини ва фикру акидаи вай дар бораи давлат ва мамлакатдории онвакта дигар мешавад. Вай дар вакти толибилми мадраса буданаш амирро як каси одил ва дарбори уро як чои поки адолатпарвар гумон мекард. Баъди он ки амиру вазир ва ахли дарбори уро ба чашми худ дид, фаҳмид, ки сабабгори бадбахтии чомеа худи хокимони замон будаанд. Маснавии «Тухфаи дӯстон» дар такомули эчоди ва акидаҳои ичтимоии танкидии Шохин як давраи хеле муҳим буд. Ин маснави харчанд нотамом буда, шоир дар он хамаи фикрхояшро гуфта натавониста бошад хам, аммо вай баъд аз ин дар газалҳояш ва махсусан дар «Бадоеуссаноеъ» раванди танкиди ичтимоиро хеле пурзур намуд.