Jump to content

Саъдӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Саъдии Шерозӣ)
Саъдӣ
форсӣ: سعدی شیرازی
Тахаллусҳо: سعدی
Таърихи таваллуд: тақрибан 1210[1]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 9 декабр 1292[2][3]
Маҳалли даргузашт:
Навъи фаъолият: шоир, нависанда
Жанр: ғазал
Забони осор: форсӣ[6] ва арабӣ[1][7]
Логотипи Викитека Осор дар Викитека
 Парвандаҳо дар Викианбор
Логотипи Викигуфтовард Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард

Абумуҳаммад Муслиҳуддин ибни Афшинҷони Тагобӣ (форсӣ: ابومحمد مُصلِح‌الدین بن عَبدُالله سعدی شیرازی‎, машҳур ба Саъдии Шерозӣ ва Мушрифуддин; тақрибан 1210[1], Шероз, устони Форс, Давлати Хоразмшоҳиён[4][5]9 декабр 1292[2][3], Шероз[3]) — шоир, нависанда, воиз ва бузургтарин ғазалсарои адаби форсӣ..

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ соли 1184 дар шаҳри Шероз дар оилаи тоҷик ба дунё омада, дар айёми кӯдакӣ аз падар ятим мондааст. Дар ҷавонӣ ба Бағдод рафта ва дар мадрасаи «Низомия» таҳсили илм намуда аст. Пас аз хатми таҳсил Саъдӣ ба ҷаҳонгардӣ меравад ва Эрон, Арабистон, Осиёи Хурд, Миср, Шом, Хуросон, Мовароуннаҳр ва дигар сарзаминҳо мегардад. Дар миёнсолӣ ба зодгоҳаш бар мегардад ва дар синни 108-солагӣ, соли 1292 дармегузарад. Ӯро дар гулгашти Мусаллои Шероз ба хок месупоранд ва ормгоҳаш акнун зиёратгоҳи хоссу омм аст.

Ормгоҳи Саъдии Шерози дар Шероз

Аз осори шоир куллиёте боқӣ мондааст, ки ба шакли маснавӣ, ғазал, тарҷеъбанд, таркиббанд, қасида, рубоӣ эҷод шудаанд, дар бар мегирад.

Саъдии Шерозӣ қариб ягона шоирест, ки ба тоҷик буданаш махсус ишора кардааст. Дар як тарҷеъбандаш ҷаври мулкдоронро ба фақирон маҳкум карда, бо муқоисаи турки ҷавргару тоҷики бенаво толибона сулҳ хоста ва бо воситаи ин гуфтор нисбати миллии худро чунин маълум намудааст:

Аз баҳри Худо, ки моликон ҷавр
Чандин накунад бар мамолик
Шояд, ки ба подшаҳ бигӯянд
Турки ту бирехт хуни тоҷик.

Саъдӣ аз ҷануби Эрон, замини Форс бархоста ва ба Форс нисбат дошта, инчунин забонаш низ форсӣ буд. Аммо байни форсҳову тоҷикон аз қадим дар забон ва мансубияти миллӣ фарқ набуд. Бинобар ин Саъдии Шерозӣ худро тоҷик номида, вале дар айни замон форс буд. Адабиёти форсу тоҷик ҳам, ки дар паҳнои бузурги Осиёи Миёнаву Эрон тараққӣ кардааст, бо сабабҳои мазкур ба ҳар ду халқи ҳамхуну ҳамзабон баробар тааллуқ дорад. Саъдии Шерозӣ дар шаҳри Шерози вилояти Форс таваллуд ёфтааст. Соли ба дунё омадани ӯро устод Садриддини Айнӣ дар китоби ба тавсифи ҳаёт ва эҷодиёти вай бахшидааш бо тадқиқу муқоиса 1204 муқаррар кардааст. Номи шоир Абдулло, лақабаш Муслиҳиддин ва тахаллусаш Саъдист. Номаш баъдҳо аз гуфтор афтода ва ба унвони «Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ» машҳур гардидааст. Тарбияи ибтидоиро Саъдии Шерозӣ дар назди падар гирифтааст. Фарзанди дӯстрӯи оила буда аз падар навозишу тарбияи хуб гирифтааст. Дар боби дуюми китоби «Бӯстон»-аш ҷавониро чунин ёд мекунад:

Ман он гаҳ сари тоҷвар доштам,
Ки сар дар канори падар доштам
Агар бар вуҷудам нишастӣ магас,
Парешон шудӣ хотири чанд кас.

Дафтару китоб ва дигар лавозимоти хониш харида махсус ба илмомузиву савод баровардани писар машғул шудани падари арҷманд аз сатрҳои поёнии ёдномаи ӯ равшан мегардад:

Зи аҳди падар ёд дорам ҳаме
Ки борони раҳмат бар ӯ ҳар даме.
Ки дар тифлиям лавҳу дафтар харид
Зи баҳрам яке хотами зар харид.

Барои писари дӯстдошта падар инчунин хотам, ангуштарӣ харида онро ба дасти ӯ гузаронида аст. Аммо Саъдии хурдсолро дар вакти бозӣ ва дур аз канори падар савдогаре бо шириние фиреб карда ангуштарини тилоро аз дасташ рабуда аст.

Ин лавҳаи ёдбуд — харидани ангуштарӣ барои писарбачагон аз одатҳои қадимии маишати оилавии халқи мо дарак медиҳад.

Солҳои тифлӣ ва таҳсили мактаб гузашта рафтанд. Саъдӣ хониши минбаъдаро дар мадрасаи Низомияи Бағдод давом медиҳад. Мадрасаи Низомияи Бағдод ҳанӯз дар солҳои 80-уми асри XI аз ҷониби вазири хирадманди Салҷуқиён — Низомулмулк бунёд шуда буд, ва унвонаш ҳам аз номи ин вазир аст.

Саъдӣ пас аз хатми мадрасаи маскур барои таҷрибаандузӣ ва шиносоӣ бо аҳволи мардум ба саёҳат баромад. Аввал ӯ шаҳрҳои Арабистон ва дар бозгашт Рум (Туркия), пас ноҳияҳои гуногуни Эронро давр зад. Ба Осиёи Миёна омада то Қошғар рафт. Аз он ҷо бо саёҳати шаҳрҳои Афғонистон сӯи Ҳиндустон роҳ гирифта, чанде дар шаҳри Суматон ба тамошои бутон машғул шуд. Саёҳати ин қадар шаҳру ноҳияҳои гуногун барои Саъдӣ материали гаронбаҳои таърихию ҷуғрофӣ ва адабию ахлоқӣ дода буданд ва ӯ метавонист аз хамаи ин мушоҳидаю дидаҳояш мисли Носири Хисрав китоби «Сафарнома» бинависад. Аммо вай ин гуна китобро таълиф накарда аст.

Материали саёҳатҳояш дар китобҳои ахлоқии ӯ «Бӯстон»-у «Гулистон» истифода шудаанд ва ҳам аз ишораву маълумоташ дар ин асарҳо мо аз сафарҳои вай огоҳ мегардем. Чунончӣ дар муқаддимаи «Бӯстон» оварда аст:

Дар ақсои олам бигаштам басе,
Ба сар бурдам айём бо ҳар касе.
Таматтӯъ зӣ ҳар гӯшае ёфтам,
Зӣ ҳар хирмане хӯшае ёфтам.

Ӯ бисёр сафар намуд, фақат дар пиронсолӣ дар ватан қарор гирифт. Рӯзгори фақирона мегузаронд ва ҳар чизе аз хурокӣ боқӣ дошт ба ҳезумкашону бечорагон медод. Соли 1292 дар ҳамон манзили фақиронааш, ки дар беруни шаҳри Шероз (Давлатшох) воқеъ буд, аз олам даргузашт. Бо гузашти айём дар болои қабри ӯ мақбара сохтаанд ва имрӯз марқадаш барҷо буда ва атрофии он мавзеи тамошогоҳ аст.

Банӣ Одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.

Мероси адабӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Мақбараи Саъдӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Мақбараи Саъдии Шерзӣ машҳур ба سعدیه (Саъдия)[8] — ёдгории меъмори болои турбати Саъди Шерозӣ. Оромгоҳ дар шимолу шарқи шаҳри Шероз, ки замини хонаи шоир буд, аз қадим боғе ва чашмае дорад. Он бидуни санги турбат бо мурури замон хароб гардида, танҳо дар аҳди Каримхони Занд (1707/5 — 1779) — пешвои сулолаи зандиёни Эрон таҷдид шуд. Вале он низ пас аз чанде рӯ ба харобй овард ва солҳои охир Анҷумани осори миллӣ оромгоҳи зебое бино кард. Оромгоҳ болои асоси зинагии на он қадар баланде аз мармар ҷой гиифтааст, ки гунбазӣ буда, ба пешайвони баланде шабоҳат дорад. Дар тарафи рости мақбара даҳлези токдори сояафкан ва истироҳатӣ бино кардаанд, ки ниҳоят муҷаллалу хушҳавост. Намои кошикории оромгоҳ бо намоишҳои гул, бутта ва акси паррандаҳои зебои сабки зандия музайян аст.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]