Jump to content

Убайдулло Эшонқулов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Убайдулло Эшонқулов
Таърихи таваллуд 6 март 1931(1931-03-06)
Таърихи даргузашт 22 август 1999(1999-08-22) (68 сол)

Убайдулло Эшонқулов (6 марти 1931 — 22 августи 1999) — олими соҳаи ситруспарварӣ Барандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Сино.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Убайдулло Эшонқулов 6 марти соли 1931 дар деҳаи Ғазантараки ноҳияи Ғончӣ (ҳоло Деваштич) таваллуд шудааст. Падараш деҳқони хокпош, модараш хонашин буд.

Падару модарашро барвақт аз даст дод: модараш дар ҳаштсолагӣ, падараш дар 9-солагӣ. Соли 1940 ӯро ба хонаи бачагони шаҳри Ӯротеппа супурданд ва то соли 1946 дар он ҷо хонда, ҳашт синфро хатм кард.

Эшонқулов аз соли 1946 то соли 1950 дар артели «Красный труд»-и шаҳри Ӯротеппа шогирди наҷҷор шуда кор мекард. Соли 1950 ба мактаби агрономии шаҳри Ӯротеппа дохил шуда, онро соли 1952 бомуваффақият хатм кард. Эшонқулов аз соли 1952 то соли 1957 дар Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон бо ихтисоси агроном таҳсил кард.

Соли 1957 дар Стансияи минтақавии таҷрибавии Вахш ба вазифаи ходими хурди илмии тобеи Институти илмӣ-тадқиқотии зироати Тоҷикистон ба кор таъин мекунанд. Ҳамин тавр, Эшонқулов умри худро ба соҳаи ситруспарварӣ ва зироатҳои субтропикӣ бахшид.

Убайдулло Эшонқулов соли 1959 ба аспирантураи Институти илмӣ-тадқиқотии кишоварзии Тоҷикистон дохил шуда, баъдан барои дарёфти унвони илмии номзади илмҳои кишоварзӣ «Траншейная культура апельсина на Юге Таджикистана» рисолаи илмӣ омода кардааст.

Эшонкулов соли 1962 директори Стансияи минтақавии таҷрибавии Вахш таъин шуд, ки ба он 16 сол — то соли 1978 роҳбарӣ кард. Мутахассиси ҷавонро дар мамлакат эҳтиром мекарданд: вай бо роҳбарии устодаш Владимир Иванович Цулай як томи олимони ҷавонро ба воя расонд, ки онҳо навъҳои беҳтарини лиму — Мейер, Вилла Франка ва Лунария, афлесун — Гамлин, Сухуми ва Неаполитан, грейпфрут Юбилейный, мандарин Клементин дар тамоми Тоҷикистон парвариш ва паҳн карданд.

Дар соли 1973 асосан бо ҷидду ҷаҳди олимони Стансияи минтақавии таҷрибавии Вахш дар РСС Точикистон ҳосили рекордии лиму — 6 миллион дона меваи ин лимуи нодири тоҷикон руёнда шуд. Директори Стансияи минтақавии таҷрибавии Вахш дар моҳи январи соли 1974 бо ҷоизаи давлатии РСС Тоҷикистон ба номи В. Абуалӣ ибни Сино қадр шудааст.

Убайдулло Эшонқулов соли 1978 директори Институти илми-тадқиқоти боғдорӣ, токпарвари ва сабзавоткории Тоҷикистон ба номи Мичурин таъин гардидааст. Дар он чо Эшонқулов кори илмии худро давом дод: дар маҷмӯъ зиёда аз 100 мақолаҳои илмӣ, мақолаҳо, монографияҳо ва нашрияҳо омода кардааст. Соли 1983 ҳамроҳи устодаш Владимир Иванович Цулая китоби «Маданияти цитруспарварии Тоҷикистон»-ро тайёр кард, ки онро нашриёти «Ирфон» аз чоп баровард.

Убайдулло Эшонқулов барои фаъолияти меҳнатӣ ва илмиаш бо ду ордени Байрақи Сурхи Мехнат, ордени «Нишони Фахрӣ», Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон, медалу ифтихорномаву ва нишонҳои фахрии Президиуми Совети Олии СССР ва Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Мутаассифона, даврони душвори кӯдакиву ҷавонии ӯ ва шурӯи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ба саломатии Убайдулло Эшонқулов асар гузоштааст, ки баъди ба нафақа баромадан ба бемории сангин гирифтор шуда, 22 августи соли 1999 дар синни 68-солагӣ даргузашт.

Духтари Убайдулло Эшонқулов Раъно ба роҳи падараш рафта, номзади илмҳои хоҷагии қишлоқ мебошад, ва ҳоло дар Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон, кор мекунад.[1].