Узвҳои таносули мардона

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Узвҳои таносули мардона ва занона вобаста ба ҷойгирӣ берунӣ ва дарунӣ мешаванд; вазифаи онҳо идомаи насл аст. Хоя бо зоидҳояш, маҷрои манирон, ғадуди простата ва ғадудҳои булбоуретравӣ (мансуб ба пиёзаки пешоброҳа) ба узвҳои дарунӣ, нара ва хоядон ба узвҳои берунии таносули мардон мансубанд. Узвҳои дарунии таносули занон аз тухмдон, найчаҳои бачадон, бачадон, маҳбал ва даромадгоҳи маҳбал, узвҳои берунии таносу аз лабҳои калону хурди фарҷ ва клитор иборат мебошанд. Ба узвҳои таносули мардон хоя бо зоидҳояш, ки дар хоядон воқеанд, манироҳа бо манидон, ғадуди простата, ғадудҳои Купер ва олати таносул мансубанд.

Хоя ғадуди ҷуфти таносулии мардона аст. Хояҳои тифли батн дар баробари ду муҳраи болоии миён воқеъ буда, то дами таваллуд ба хоядон мефарояд. Хояҳо ҳуҷайраи ҷинсӣ — нутфа ҳосил мекунанд, ки ҳангоми ҷамоъ аз 40 — 60 то 500—600 млн адад хориҷ мешаванд. Гормони ҷинсие, ки хоя ба хун ҷудо мекунад, ба бисёр вазифаҳои организм таъсир мерасонад. Хояҳо дар давраи балоғат ба дараҷаи ниҳоии рушд мерасанд; бо мурури синну сол ҳаҷми онҳо хурд мешавад.

Хоя бо чандин парда пӯшида шудааст: пардаи пайвандии сафедранг хояро фаро гирифта, дар тарафи ақиби он ғафс мешавад. Аз он ҷониби дарун девораҳои фиброзие ҷойгиранд, ки моддаи хояро ба ҳиссаҳо ҷудо мекунанд. Модда ё паренхимаи хоя аз ҷӯякҳои рост ё печидаи манидон иборат аст. Ҷӯякҳои рост бо ҳам васл шуда, шабакаро ташкил мекунанд ва баъд ба сӯи сари зоиди хоя тӯл мекашанд. Ихроҷи нутфа танҳо дар ҷӯякҳои печдор ба амал меояд. Тамоми ҷӯякҳои хоя ба ҷӯяки зоид, ки ба маҷрои манирон тӯл мекашад, боз мешаванд. Маҷрои манӣ боло баромада, ба таркиби танобаки манӣ дохил мешавад ва якҷоя бо рагҳои хуну лимфа ва асабҳо аз ҷӯяки қадкашак мегузарад; баъд аз он маҷрои манӣ аз девораи паҳлуии кос ба поён ва ақиб рафта, ба зери масона мерасад ва васеъ шуда, ампулаи маҷрои маниро ҳосил мекунад. Пас аз пайвастан бо маҷроҳои тарашшуҳии манидонҳо маҷрои манӣ маҷрои манибарорро ташкил мекунад. Манидонҳо дар байни масона ва рӯдаи рост дар паҳлӯи маҷрои манибарор воқеанд; онҳо усорае ҷудо мекунанд, ки бо усораи хоя омехта, нутфаро ба вуҷуд меоранд. Маҷрои манибарор аз байни ғадуди простата гузашта, ба пешоброҳа боз мешавад. Ғадуди простата қисми ибтидоии ҷӯяки пешобро иҳота мекунад. Қисми ғадудии простата усорае ҷудо мекунад, ки бо манӣ омезиш ёфта, фаъолии нутфаро таъмин месозад. Қисми мушакии он сфинктер (исканҷаи мушаки)-и ҷӯяки пешоб буда, пайдарҳамии ҷараёни манӣ ё пешобро танзим мекунад, дар натиҷа манӣ бо пешоб омезиш намеёбад. Сатҳи ақиби простата ба рӯдаи рост мерасад; ҳангоми муоинаи тиббӣ ангуштро ба рӯдаи рост дароварда ин ғадудро ламс мекунанд; бо ин усул бузургӣ ва қивоми простатаро муайян ва иллатҳои гуногуни онро ташхис намудан мумкин аст.

Нара ва хоядон узвҳои берунии таносули мард мебошанд. Нара узвест, ки ду вазифаро ба ҷо меорад: ихроҷи манӣ ҳангоми ҷимоъ ва ихроҷи пешоб аз масона. Он аз аҷсоми ғорӣ (исфанҷӣ) иборат аст: ду аҷсоми исфанҷии худи нара ва ҷисми исфанҷии ҷӯяки пешоб, ки сараки узви таносулро ташкил медиҳанд. Аҷсоми исфанҷӣ аз сафедпардаи ғафсе таркиб ёфтаанд, ки аз он парда девораҳои сершумор ба дарун мераванд ва фазои байни онҳо «ғорҳое»-ро ташкил мекунанд, ки пур аз хун мебошанд. Туфайли сохти махсуси рагҳои хунгард хун ҳангоми бедории шаҳват аҷсоми исфанҷиро таҳти фишор пур мекунад ва ин боиси тарангу рост шудани нара, яъне эрексия мегардад.

Дар нӯги сари нара сӯрохи берунии ҷӯяки шоша воқеъ аст. Дарозии пӯсте, ки сари нараро мепӯшонад гуногун аст. Дар дохили пӯсти сари нара ғадудҳои арақ мавҷуданд, ки тарашшуҳи онҳо якҷоя бо ҳуҷайраҳои эпителӣ смегма ҳосил мекунанд.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]