Jump to content

Урва ва Афро

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Урва ва Афро - номи ду дилдодаи араб ва хулосаи саргузашташон ин аст, ки Урват ибни Ҳазом ибни Муҳоҷир (аз бани Узра) духтари амми худ Афроро сахт дӯст медошт ва дар мусоҳибати вай дар як манзил бузург шуд ва саранҷом аз ӯ хостгорӣ кард, вале модари Афро аз Урва моле бисёр хост ва Урва ночор ба Яман назди амми дигари худ рафт. Дар ин фосила Афроро ба марде Шомӣ доданд. Урва чун аз сафар бозгашт ба ин зану шавҳар пайваст. Шавҳари мақдами ӯро гиромӣ дошт, вале Урва пас аз чанд рӯз он дуро тарк гуфт ва баъд аз андаке ба сабаби назорӣ ва лоғарӣ, ки аз ишқи Афро ӯро даст дода буд даргузашт ва дар водии Алқаро (наздики Мадина) ба хок супурда шуд. Урва аҳли шеър низ буд ва девони кӯчаке ба ӯ мансуб аст. Ҳадиси дилдодагии Урва ба Афро монанди Лайливу Маҷнун ва Вомиқу Узро дар адаби форсӣ, ба хусус назди шуарое ки бо адаб ва фарҳанги арабӣ бештар ошноӣ доштаанд, машҳур ва забонзад аст:[1]

  1. Сомонаи “Садои Шарқ”, Фарҳанг. 16 Декабри 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 16 Январ 2016.