Усули Уқлидус
Муаллиф: | Эвклид |
---|---|
Нусхаи электронӣ(англ.) Нусхаи электронӣ(англ.) Нусхаи электронӣ Нусхаи электронӣ(ар.) Нусхаи электронӣ(англ.) |
«Усул» (юн. Στοιχεῖα, лот. Elementa) — муҳимтарин асари риёзии Уқлидус, ки дар асри 3 то мелод таълиф шуда, асосҳои математикаи атиқа — ҳандасаи басит, назарияи ададҳо, алгебра, назарияи умумии нисбатҳо ва усули муайян намудани масоҳату ҳаҷмро дарбар мегирад.
Аз 13 китоб иборат аст. Уқлидус дар асари мазкур тараққиёти сесадсолаи математикаи Юнонро ҷамъбаст намудааст, ки он асоси тадқиқоти минбаъдаи илми математика гардид. Баъди Уқлидус математикҳо Гипсикл (асри 2 то мелод) ва Исидор (асри 2 то мелод) ба «Усул»-и Уқлидус китобҳои 14 ва 15-ро илова намудаанд, бинобар ин аксаран асарро 83 15 китоб иборат мегӯянд. Ин асари барҷастаи Уқлидус бо системаи дедуктивӣ, яъне бо усули аксиоматикӣ таълиф шудааст: дар он тасдиқоти аввал бе исбот қабул шуда, боқимонда ҳамаи даъвоҳо — постулатҳо чун хулоса аз ҳамин аксиомаҳо бармеоянд. Китобҳои 1—6 ба планиметрия, 7—10 ба арифметнка ва бузургиҳои ноҳамчен, ки бо ёрии паргор ба хаткаш сохтан мумкин аст, китобҳои 11—15 ба стереометрия оиданд.
«Усул»-и Уқлидус дар замони мо низ асари намунавии илмӣ ба шумор меравад ва ҳоло асоси китобҳои дарсии имрузаро ташкил додааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.