Jump to content

Файзиддин Қаҳҳорзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сайт president.tj


Файзиддин Саттор Қаҳҳорзода (Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор, тав. 5 августи соли 1971) — ходими давлатӣ ва сиёсии тоҷик. Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Файзиддин Саттор 5 августи соли 1971 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олӣ. Соли 1997 Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчии байналхалқӣ хатм кардааст. Солҳои 1989-1992 дар сафи Қувваҳои ҳарбию баҳрии Иттифоқи Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ хизмат намуд. Фаъолияти кориашро аз соли 1988 ба ҳайси коргари нуқтаи пахтақабулкунии «Тосқалъа»-и ноҳияи Восеъ оғоз намуда, солҳои 1997-2015 дар вазифаҳои сардори хадамоти бехатарии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, ҳисобдори дараҷаи 3, иқтисодчии дараҷаи 1, муовини сардори шуъбаи муомилоти пулӣ, сардори шуъбаи назорати асъории Департаменти фаъолияти иқтисодии берунӣ, сардори Шуъбаи назорати асъорӣ ва қарздиҳии Департаменти фаъолияти иқтисодии берунӣ, Муовини директор - сардори Идораи амалиётҳои асъории Департаменти фаъолияти иқтисодии берунии Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи «Ориёнбонк», Муовини Директори Агентии хариди молҳо, кор ва хизматрасонӣ, Муовини директори Агентии хариди давлатии мол, кор, хизматрасонӣ ва ташкили фаъолияти биржавӣ, Муовини сардори Сарраёсат - сардори Раёсати таҳияи барномаҳои давлатии сармоягузорӣ ва маблағгузориҳои мутамарказ, Сардори Сарраёсати таҳлили макроиқтисодӣ, дурнамо ва ислоҳоти иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 ноябри соли 2015 ба вазифаи Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст. Солҳои 2016-2017 дар вазифаи муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Аз моҳи январи соли 2017 то январи соли 2018 дар вазифаи Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 январи соли 2018 Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.[1]

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 2020 бинобар таъсиси Ҳукумати нав Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.[2]

Мукофот ва ҷоизаҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон(тоҷ.). www.president.tj (3 ноябри 2020). 15 Декабри 2023 санҷида шуд.
  2. Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон(тоҷ.). www.president.tj (3 ноябри 2020). 15 Декабри 2023 санҷида шуд.