Файзуло Назаров
Файзуло Назаров (тав. 23.05.1938, ҷамоати Саройи ноҳияи Файзобод – ваф. 5.06.2010, ш. Душанбе) — риёзидон, номзади илмҳои физика-математика (1973), дотсент (1976).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1962 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленинро хатм намудааст. Солҳои 1962–1968 ходими хурди илмии Институти математикаи Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон, 1968–1970 аспиранти Донишгоҳи ш. Воронеж ба номи Комсомоли Ленинӣ, 1971–1973 ходими хурди илмии Институти математика, 1973–2007 муаллими калон, дотсенти кафедраи алгебра ва назарияи ададҳо, 2007–2010 дотсенти кафедраи геометрияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ буд. Дар соҳаҳои гуногуни математика тадқиқоти илмӣ бурда, муаллифи 80 номгӯи корҳои илмӣ, аз ҷумла мақолаҳову фишурдаҳои илмию методӣ ва 9 дастуру воситаҳои таълимӣ мебошад. Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» сарфароз шудааст.