Факултаи Ҳуқуқшиносии ДДХБСТ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Факултети ҳуқуқшиносӣ соли 1994 дар асоси филиали шуъбаи ғоибонаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд таъсис дода шудааст. Асосгузор ва нахустдекани факултет, ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент шодравон Солибой Ҳасанов буданд, ки саҳми он кас дар таҳкими базаи моддӣ-техникии факултет ва омода кардани омӯзгорони ҷавон ба масъалаи таълиму тарбия бениҳоят бузург мебошад. То соли 2000 факултет расман факултети ҳуқуқ ва муносибатҳои байналхалқӣ номида мешуд. Мақсади асосии фаъолияти факултет омода кардани мутахассисон-ҳуқуқшиносони баландихтисос барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратии ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ташкилот, корхона муассисаҳо, яъне судяҳо, прокурорҳо, адвокатҳо, муфаттишон, нотариусҳо, маслиҳатчиёни ҳуқуқшинос(пайванди дастнорас) ва ғайра мебошад. Пас аз хатми таҳсил ба хатмкунандагон дипломи намунаи давлатӣ аз рӯи ихтисоси «Ҳуқуқшиносӣ» дода мешавад. Таҳсил дар факултет дар асоси стандартҳои ягонаи давлатии таҳсилот дар доираи шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона ба роҳ монда шудааст. Мӯҳлати таҳсил дар шуъбаи рӯзона 5 сол, ғоибона 6 ва 4 солро (барои донишҷӯёни маълумоти олӣ дошта) ташкил медиҳад. Сохтори кафедравии факултет: 1) назария, таърихи давлат ва ҳуқуқ; 2) ҳуқуқи конститутсионӣ; 3) ҳуқуқи гражданӣ, соҳибкорӣ ва байналхалқӣ; 4) ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминалистика; 5) таърихи халқи тоҷик; 6) фанҳои ҷамъиятӣ. Солҳои охир ба туфайли кӯшишу дастгирии роҳбарияти донишгоҳ шумораи омӯзгорони унвони илмӣ дошта зиёд гашаанд. Шумораи умумии омӯзгорони факултет 76 нафарро ташкил медиҳад. Аз онҳо 25 нафарашон номзадҳои илм, дотсентон, 7 нафар докторони илм, профессорон мебошанд. Соли ҷорӣ ҳимояи диссертатсияи номзадии Амонов А.Ҷ., Солиев И.М., Мухторов К.Т., Ахмедов Г.Д. ва Юсупова М.А. ба нақша гирифта шудааст. Дар давоми солҳои гуногун роҳбарии факултетро номзадҳои илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсентон Орипов Т.О., Ғаффорова Н.А., Болтуев С.Ш., Сангинов Ҳ.С. ва номзади илмҳои филологӣ дотсент Камолов М. ба зимма доштанд.