Факултети филологияи руси ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search


Факултети филологияи рус — яке аз факултаҳои ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров мебошад. Таъсиёбӣ - соли 1964.

Таърихи таъсис ва соҳаи фаъолият[вироиш]

Аввалин маротиба шӯъбаи забон ва адабиёти рус бо мақсади таъмин намудани мактабҳои маълумоти ҳамагонӣ бо мутахассисони фанҳои забон ва адабиёти рус соли таҳсили 1937-1938 дар ҳайъати факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод созмон дода шуд. Солҳои 1939-40 ҳамин гуна шӯъба дар институти омӯзгорӣ (муаллимтайёркунӣ), ки яке аз ҷузҳои ИДПЛ ба ҳисоб мерафт, таъсис ёфт. Дар ташкил ва амалӣ шудани ин иқдом саҳми устодони рус М. И. Стаменова, В. С. Верпаховская, К. А. Гаинсев, О. А. Смирнова, Н. С. Иванов ва олимону ташаббускорони дигар назаррас буд. Дар солҳои љанг сафи устодони шӯъба аз ҳисоби мутахассисони суханшиносе, ки аз майдони муҳориба ба ақибгоҳ баргаштанд, зиёд гардид (А. А. Волков, Е. Ж. Бражников, И. С. Фрейдкина, Е. М. Вал). Солҳои охири ҷанг ва пас аз он аввалин хатмкунандагони шӯъба Л. В. Виноградская, А. А. Нелипа, Н. Н. Ростовсева, Б. М. Русакова омӯзгорони шӯъба гаштанд. Охири солҳои 50-уми асри ХХ дар бахши забон ва адабиёти рус танҳо барои мактабҳои таълимашон русӣ мутахассис тайёр карда мешуд, вале дертар эҳтиёҷ ба тайёр намудани мутахассисони забон ва адабиёти рус барои мактабҳои миллӣ ба миён омад, ки он яке аз асосҳои созмон ёфтани гурӯҳҳои дигар шуд. Дар соли хониши 1962-1963 нахустин гурӯҳи тоҷикӣ таъсис ёфт, ки барои мактабҳои миллӣ муаллимони забон ва адабиёти рус тайёр менамуд. Ин иқдом дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин бор дар Институти педагогии Ленинобод сурат гирифт, ки хатмкунандагони мактабҳои тоҷикӣ ва минбаъд ӯзбекӣ мутахассисони забон ва адабиёти рус мешуданд. Моҳи сентябри соли 1964 шӯъбаи забон ва адабиёти рус аз ҳайъати факултаи таъриху филология баромада, ба бахши мустақил табдил ёфт, ки дар он баробари гурӯҳҳои русӣ, гурӯҳҳои тоҷикиву ӯзбекӣ низ амал менамуданд. Дар ин кор саҳми устодон М. И. Стаменова, Н. Н. Ростовсева, А. А. Нелипа, Бароат Ҳоҷибоева, Т.А. Милованова, В.И. Калмикова, Б.М. Русакова, А.П. Войченко, М.М. Абдувалиева, З.И. Мелихова, А.З. Дун, С.З.Карасик, М.И. Шарапова, Е.С.Белякина, В.И. Чертиковсева, Г.П.Коновалова ва дигарон бузург аст. Аз соли таҳсили 1990-1991 тибқи барномаи нави таълим донишљӯён соҳиби ду ихтисос гаштанд: муаллими забон ва адабиёти рус дар мактабҳои тоҷикӣ ва муаллими забони тоҷикӣ дар мактабҳои русӣ. Аз соли таҳсили 1991-1992 аз сабаби табдили ИДПЛ ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) ба барномаи таълим ихтисосҳои забон ва адабиёти рус, забон ва адабиёти рус дар мактабҳои тоҷикӣ, забон ва адабиёти рус дар мактабҳои ӯзбекӣ дохил шуданд. Вазифаи сарварии факултаро дар солҳои гуногун дотсент А.А.Нелипа (1964-1968, 1978-1985) дотсент М. М. Абдувалиева (1971-1975), А. П. Войченко (1975-1978), дотсент Долин Ю. Т. (1985-1991), профессор С. Э. Неъматов (1991-1992), профессор Р. О. Самадова (1992-1993), дотсент А. А. Азизов (1994-2007) дар ӯҳда доштанд. Дар айни замон сарварии факулта аз соли 2007 номзади илмҳои филологӣ, дотсент Ф. М. Ҳамроқулов ба ӯҳда дорад.

Дастпарварони факулта[вироиш]

Пайвандҳои беруна[вироиш]