Гулнора Ибрагимова
Гулнора Ибрагимова | |
|---|---|
| Гулнора Хайдаровна Ибрагимова | |
| Таърихи таваллуд | 25 майи 1967 (59 сол) |
| Зодгоҳ | Хуҷанд , вилояти Суғд, ҶШС Тоҷикистон |
| Кишвар |
|
| Фазои илмӣ | педагогика |
| Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров |
| Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои педагогика |
| Унвонҳои илмӣ | дотсент |
| Алма-матер | ДДОЛ ба номи С.М.Киров |
Гулнора Хайдаровна Ибрагимова (тав. 25.05.1967 ) шаҳри Хуҷанд , вилояти Суғд) — олим, омӯзгор, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1989 факултети забон ва адабиети руси ДДОЛ ба номи С.М.Кировро хатм кардааст. Ихтисос муаллимаи забон ва адабиети рус.
Солҳои 1994-2005 — муаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии забони руси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров.
Солҳои 2005 -2008 — сармуаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии забони руси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров.
Солҳои 2008-2013 — дотсент, мудири кафедраи забони муосири рус ва забоншиносии умумӣ факултети филологияи руси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Аз августи соли 2016 то ҳоло — дотсенти кафедраи забони муосири рус ва забоншиносии умумӣ, ноиб декани факултети филологияи рус оид ба таълим дар факултети филологияи руси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров, кафедраи забони муосири рус ва забоншиносии умумӣ Ибрагимова Гульнора Хайдаровна(тоҷ.). www.hgu.tj. 22 Январ 2024 санҷида шуд.